Чт07022020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ЛОФИ ХИЁНАТКОРУ ДОҒИ АЛАМДОР

Хиёнати моҳи сентябри соли гузашта, ки бо ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар расонаҳо садо дод, дубора тарсро дар дили сокинони кишвар ҷо кард. Вале бо ҷасорату чолокӣ ва ҷонфидоии ҷавонмардони ҳомии Ватан зуд алангаи оташи хиёнат хомӯшу хиёнаткоронаш саркӯб шуданд. Баъдтар аён гардид, ки аъзои фаъол ва узви раёсати собиқ Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло фаъолияти он дар ҷумҳурӣ манъ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шудааст, дар сархати хиёнат буда, мехостанд табаддулоти давлатӣ кунанд.
То ба имрӯз аксари хиёнаткорон аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир шуданд. Аммо яке аз шахсиятҳои асосӣ, ки аслан хиёнати мазкур ба хости хоҷагони хориҷӣ бо дасти ӯ дар кишвар таҳррезӣ гашт, дар хориҷа қарор дорад.
Муҳиддин Кабирӣ раиси ҳизби мамнӯъ имрӯз дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ (интерпол) қарор дорад. Ӯ ба ҷои оне, ки аз хиёнати кардааш маъзарат хоҳад, аз минбарҳои баланд лофи бегуноҳӣ мезанад. Мисолаш конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки 27-29 декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии исломии Эрон доир гардид.
Перомуни мавзўъ суҳбате доштем бо Дӯстмурод Орипов, падари Раҷабмурод Орипов, ки дар ҳаводиси 4 сентябр дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ҳадафи тири бадхоҳон гардид.
- Аввалан ба ҷигарбанди шумо, ки яке аз қурбониёни хиёнати мазкур буд, аз Худованд охирати обод ва ба шумо сабри ҷамил хоҳонем. Бигӯед, ки он рӯз чӣ ҳолате доштед?
-Барои банда ва хонаводаам хело рӯзи сахт буд. Ин мусибат қомати пириамро дубора афгор кард. Дар фазои сулҳу оромӣ сар задани чунин воқеа бароям ғайричашмдошт буд. Вале чӣ илоҷ, ки ҳанӯз ҳам, пас аз авфу бахшишҳои ҳукумату давлат, қалбҳои кинаву адовати бадхоҳон тоза нагашта будааст.
Ғайр аз Раҷабмурод, ки фарзанди хурдиам буд, дигар фарзандонам дар мақомотҳои қудратӣ кор кардаанд. Ҳатто дар замони даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ. Ӯ на танҳо фарзанди ман, балки фарзанди давлату ҳукумат ҳам буд. Зеро бо дастгириҳои давлат ба ин дараҷаҳо расид. Пас аз хатми Академияи милитсия барои такмили омӯзиш ду маротиба ба Америка рафт ва соҳиби чандин ифтихорнома гашт. Дар оқибат ҳамин шуд, ки ҳифзи Ватанро бо баҳои ҷонаш харид.
-Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар давраи фаъолияташ чӣ гуна қабул доштед?
-Синам ба ҷое расидааст. Банда ду сохти давлатдориро аз сар гузаронидаам. Озодиҳои диние, ки замони истиқлолият мебинам, дар даврони шӯравӣ набуд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз оғози фаъолияташ қабул надоштам. Чунки бе дахолати онҳо ҳам давлат арзишҳои диниро ҷонибдорӣ мекунад.
Ба банда ҳам зиёрати хонаи Худо мушарраф гашт. Албатта, ҳамин ҳам гувоҳ аз дастгириҳои сарвари давлат ба арзишҳои динӣ аст. Дар даврони шӯравӣ кам нафароне буданд, ки зиёрати хонаи Худо насибашон мегашт. Бинед, ки чанд маротиба Қуръони Маҷид аз ҷониби сарвари давлат бо хатти кирилӣ ва забони тоҷикӣ тарҷума шуд.
Сохтмони масҷиди калонтарин дар пойтахти кишвар, баргузории конфронси исломӣ дар шаҳри Душанбе, бузургдошти Имоми Аъзам, Ҷалолиддини Рӯмӣ, ки аз чеҳраҳои барҷастаи исломанд ва даҳҳои дигар ҳамааш бо дархост ва пешниҳоди сарвари давлат дар ҷумҳурӣ доир гардид, на бо дахолат ва пешниҳоди ҳизби хиёнатпешаи наҳзат.
Ҳизби Муҳиддин Кабирӣ барои мо даркор набуд. Ва бинед, ки дар охир хиёнаташ ошкор шуд.
-Имрӯз собиқ раиси ҲНИТ аз хориҷи Тоҷикистон истода мегӯяд, ки ҳеҷ хиёнате накардааст…?
-Наход давлат туҳмат кунад? Як чизи дигар. онҳо аз куҷо ин қадар маблағро пайдо карда, бӯстонсарою заводҳоро хариданд? Албатта, манбае ҳаст, ки эшонро дастгирӣ мекунад. Бинед, ки имрӯз худи Муҳиддини Кабирӣ дар хориҷа панаҳ бурдааст. Агар хиёнати ҳизби ӯ бе дастгирии давлатҳое, ки имрӯз ӯ дар он паноҳ бурдааст, намебуд, пуштибониаш намекарданд.
-Дар Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон гузашт, дар қатори намояндагони Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳам иштирок ва суханронӣ кард. Назари шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?
Давлати Эрон ба мо аз ҷиҳати фарҳанг, забон, дин, таърих ва муносибатҳои мардумӣ хело наздик аст.
Дар он ҷо шахсиятҳои барҷаста ва аҷдодони мо, аз қабили Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз хуфтаанд. Эрон ба ин амалаш муносибатҳои қавмиву таърихии моро пеши по зад.
- Ба хонанда мегуфтед, ки вазъи оила ва ду фарзанди ятиммондаи марҳум дар чӣ ҳол аст?
-Давлат ба оилаву фарзандонаш хона дод. Ҳамеша ба аёдатамон омада кӯмакҳо мекунанд. Мо аз масъулини ҳукумати кишвар, шахсан аз сардори давлат, Вазорати корҳои дохила, ҳукумати ноҳия ва умуман кулли сокинони диёр миннатдорем. Лекин касе аз аъзоёни собиқ ҳизби наҳзат дар ин рӯзҳои вазнин ба суроғамон наомад. Хайр, чӣ кунем, хиёнат карданду тухми аламро дар синаҳои бирёни мо киштанд. Худо рӯзе ҷазояшонро медиҳад.

Раззоқ САБУРӢ.