Чт07022020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

МУҲИДДИН, ПАДАР БА АРОБАЧА НЕ, БА ФАРЗАНДИ БОНАНГ НИЁЗ ДОРАД!

Ман ронандаи одияму ба кирокашӣ машғулам. Бо тақозои вазифаам, тез –тез ба самти Якабеди ноҳияи Файзобод тавассути шаҳри Ваҳдат корафтодаҳоро мебарам. Ростӣ вақтҳои охир аксаран суҳбати мусофирон маро ба сӯи андешаҳо мекашад. Зеро ҳаргоҳ, ки аз миёни деҳаи Қасамдара мегузарем, аксари онҳо ба сӯи қасрҳои намоёни оилаи дар гузаштаи на чандон дур «шинохта» -и Кабириҳо бо ангушти афсӯс муроҷиат менамоянд. Миёни онҳо ҳастанд, касоне, ки «мардако басавод буданд, ҳайф шуданд» мегуфтанд. Аммо дар ҳол мусофири дигар ҷавоб медод: «Садқаи давлат шаванд.

Давлат онҳоро хононда босавод кард, аммо курнамакӣ карда, ба намакдон туф карданд». Қисми дигари мусофирон бошанд аз бемории падари 95 солаи Кабириҳо, ки имрӯз азоби беморӣ мекашад ва ба мутако ниёз дорад, сухан мегуфтанд. Аз гуфтугузорҳои ҳаррӯзаи мусофиронам огаҳӣ гирифтам, ки Тилло Кабиров, ки имрӯз 95 сола асту муҳтоҷ ба дидори фарзанду дасти кӯмаки онҳо мебошад.

Донистам, ки имрӯз Муҳиддин, ҳамон ҷавони «босаводе»,ки бонуфузтарин факултаи донишгоҳи бонуфўзи кишварро хатм карда будааст, ба ҷойи   дар пешрафти кишвар саҳм гирифтан, хизмати халқи хешро адо кардан, даст задааст ба хиёнатпешагӣ. Кўшиши аз нав ба гирдоби ҷангу хун кашидани халқу миллати хешро дорад. Воқеан ҳам маҳз ана ҳамин ҷангу ҷидолҳои дохилӣ буд, ки Муҳиддинро хуҷаинҳои хориҷиаш Муҳиддин карданд. Қасрҳои сохтаи ӯву бародаронаш, корхонаву амволҳои зиёдашон ва «пешрафт»-и ҳизби терористии наҳзати ислломӣ, ки сарвариашро ӯ ба уҳда дорад, маҳз баъди ана ҳамон ҷанги бародаркуш насибашон гашт. Барои ҳамин аст, ки бо доираи он хоҷагони беватанаш чун лухтаки сухангӯ сари минбарҳои телевизиону радио ва рӯзномаҳои мамлакатҳои хориҷӣ тутивор сухан гуфта, худро бегуноҳу халқу давлат ва роҳбарони ватанашро мехоҳад сиёҳ кунад.

Аммо мардум, фарзандони миллати тоҷик ҳама бо нангу номуси аҷдодӣ, акнун хубро аз бад хеле нағз фарқ карда меистанд ва намегузоранд, ки Муҳиддин барин фарзандони нохалаф ба хотири манфиатҳои шахсӣ аз нав сар боло кунанд.

Муҳиддин, имрӯз бо бародаронат вақте расидааст, ки ҷамъ шудаву ба Ватан баргардед. Аз карда пушаймонӣ кунеду лаҳзаҳои охирин дуои падарро гиред. Лаҳзаи вопасини модар набудӣ, лоақал бари падари хеш биншин. То кай ҳамсари Солеҳи додарат,( Солеҳ айни ҳол дар Эрон зиндагӣ доштааст) парастории падаратро ба ҷо меорад. Чи тавре ҳамдеҳагонат нақл мекунанд, аробачаи маъюбии барои падарат оварда, чанд вақт боз вайрон шудаву янгаи бечораат бо азоб падаратро баланду паст мекардааст.

Гумон мекунам, заррае дигар раҳму шафқати шумо намондааст. Аз рӯи шунидам мехостаи, ки падаратро низ назди хоҷагонат, ба Туркия барӣ. Ва шукр, ки кадом падарраҳмате сади роҳат шудааст.

Муҳиддин, имрӯз ту худ беватанӣ, зеро ба ин неъмати муқаддас Ватан –модар хиёнатро раво дидӣ, аммо агар заррае имон дошта бошӣ нагузор, ки падар аз мулки муқаддасаш ҷое биравад. Падарат акнун ба як каф хоки ватан ниёз дорад. Муқаддастарин ҷо барои ӯ хоки аҷдодист!

Абдураҳмон Ҷалилов, ронанда.