Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

СУБҲИ ТИРАИ ЯККАБЕД Ё АФСОНАИ НОТАМОМИ ЗИНДАГӢ

СУБҲИ ТИРАИ ЯККАБЕД Ё  АФСОНАИ НОТАМОМИ ЗИНДАГӢСӯзиши қалб

Чанд субҳ аст, ки деҳаи Яккабед ба назарҳо тира менамояд. Не, ин дашти паҳно хомӯш ҳам нест. Саҳаргоҳонаш, ки басо тозаву озода ва ҳавои форам дошт, кунун бӯйи ғаму дарду марг мекунад. Пиру барно чанд рӯз аст, ки ҳазин нафас мегиранд. Ғубори ашк дар чашмонашон ва дарду ҳасрат дар қалбҳошон бараъло ҳувайдост. Инак, боз субҳи тоза дамид, субҳи тираи Яккабед. Ҷои шир-шири ҷӯйҳои равону   чир-чири мурғакони нағмахонро ин пагоҳ хам садои гиряи модарону наварӯсон, оҳу фиғони хоҳарону бародарон иваз намуд.

Ва аҷаб нест, ки ин манзараи ҳузнангезу ғамангези субҳи тира рӯзҳову моҳҳо такрор ёбад. Дидани ин манзара басо ваҳмангез аст. Як кӯҳи калони хок беҷо шудаву даҳ нафари аз зиндагӣ сер нашудаву чизе надидаро ба коми худ бурд...

Дидори охиру нигоҳи охир

Субҳи ҷумъаи сеюми апрел, онҳо наздики бист нафар ҷавонмардони ғаюру матин, ки ҳамроҳашон ҷавонони аз сад гул як гулашон ношукуфта ҳам буданд, баъд аз наҳорӣ ва суҳбати яклаҳзаинаи ширину гуворо бо падар ва модару хоҳар, ёру бародар, роҳ сӯйи хатти оби нушокӣ гирфтанд, то мушкилоти дар сар доштаи хонавода ва ҳаққу ҳамсояро дур созанд. Бехабар аз он ки, ин сафар барои даҳ нафар сафари охирин ё сафари охират аст. Бехабар аз он ки, ин як мушкилот сад мушкилоти дигареро ба бор меорад, ки ғаму дардаш то дер аз қалбҳо зудуда нахоҳад шуд. Аз миёни деҳа шоду хандон, гарми суҳбати ширин мерафтанд шербачаҳо. Ба тақдирашон имрӯз баъд аз боронҳои чандшабонарӯзӣ рӯзи гарму офтобӣ буд. Онҳо бехабар аз он буданд, ки ҳоло роҳравон бо тақдири хеш бозӣ доштанд, амсоли бозиҳои шӯхи бачагӣ ва ниҳоят охирон бозиҳои зиндагиро мешамиданд. Фарқият ин буд ки қаҳрамону тамошогари ин бозихо танҳо худи эшон буданд, на каси дигаре. Шербачаҳо то чанд ба пеш мерафтанд, деҳи азизашон аз онҳо дур мемонд. Ва ниҳоят нигаҳи охирин ба қишлоқи Яккабед дӯхтанду по ба ҷарӣ гузошта, боз қадаме чанд пеш рафтанду гӯё ба макони корашон, дар асл, водии МАРГ расиданд.

Як рӯзи ду тақсим

Нимае зиндагӣ буду нимае марг

Марди мардон, шери шерон буданд, бачаҳо. Азм карданд, ки илоҷе карда хатти обро таъмиру аз нав васл мекунанд, то дигар дар деҳа мушкили об эҷод нашавад. З- ин хотир дасту остин бар зада мардонавор белу каланд ба замин мезаданд. Чанд қубури кандашударо аз зери хок гирифта як сӯ гузоштанду боз қадамҳошон ба пеш мебурдшон. Азмашон ягона ва мардона буд, имрӯз бояд корашонро анҷом диҳанд. То гашти руз ҳай кор карданд бачаҳо, қубурҳо пурра аз нав васл шуданд. Ҳар кадом аз меҳнати сангини онрӯза ва аз якдигар розӣ, шоду мамнун буданд. Ва пеш аз ақрабаки соат ба як майл кардан чанд нафаре ба деҳа баргаштанду дигарон даме нафас рост кардан хостанд.   Маслиҳат ҳамин шуд, ки даҳ нафаре аз эшон ин ҷо монанд то баробари расидани об ба кӯчаҳои деҳ дӯстони рафта ба онҳо занг бизананду баъди ин дар хонаи яке аз рафиқон натиҷаи заҳматҳои онрӯзаро бо зиёфати шакаробхӯрӣ бадар созанд.

Фарёди ҷонкоҳи кӯҳ

Масти суҳбат, мафтуни тамошои табиати афсункор буданд шербачаҳо, ки дар ин рӯзи офтобӣ ҷилои сабзазораш чашмҳоро мебурд. Ақрабаки соат аз яки рӯз боло шуда буд, ки яке аз байни ин даҳ нафар гӯё ламидани кӯҳро эҳсос намуд, ки аз ҷой нимхез шуда дигаронро огоҳ кард, ки аз ин макон фирор кунанд. Афсӯс, ки қадамҳошон дур набурд бачаҳоро . Наъраи ҷонкоҳи кӯх ба фалак печид, сели хок аз боло сарозер омад. Ин даҳшат мурғони кӯҳӣ парандаю чарандаро безобита карда буд. Садои оҳу воҳи шербачаҳо ба гӯши касе нарасид, ба ҷуз садои ин хоки ваҳмангез, ки дар як нафас хамгашти калонеро фаро гирифта. Даҳ ҷавони ноком туъмаи ин хоки омада, ин кӯҳи афтода шуданд. Даҳ ҷавон ғурамарг шуд, ғурамарг дар айни ҷавонии хеш. Даҳ ҷавон абадан ба ин олам падруд гуфтанд, аммо бе гуфтани сухани охир, бе машварат, бе васият, бе хайрбод бо наздикону пайвандонашон.

Суръати барқосои шумхабар

Дар як нафас ин овозаи шум ба дуриҳои дур расид. Яккабед худро дар оғӯши хун медид. Якеро , ки зинда дур аз хоктӯдаҳо ёфтанд, маҷоли гап задан надошт. Пиру барно худро дар як нафас ба маҳали офат расониданд. Раиси ноҳия аз ҳодисаи мудҳиш дар изтироб хабарро ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ расонид. Дарҳол гурӯҳи наҷотдиҳандагон таъсис дода шуд. Суҳбати телефонии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳия доир гардид, ки дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлат аз раис тақозо дошт то ҳарчӣ зудтар барои кӯмаки осебдидагон чораҳои фаврӣ андешида шавад. Ҳамчунин Ҷаноби Олӣ ба раис дастур дод, ки изҳори тасаллияти ӯро ба хонаводаи қурбоншудагони фоҷиа расонда, кӯмаки Ҳукумати ҷумхуриро дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ба оилаҳои зарардида таъҷилан расонанд. Тамоми масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар Яккабед ҳозир шуданд. Баъди фурсате ҷасади ду тан аз ҷавонмардони шаҳид ёфт шуд. Ва бо мақсаде, бо нияте, ки ба хокрафтаҳои дигар   ёфт мешаванд, ҳамагӣ дасти ба даст белу каланд гирифта ҳашт нафари дигарро ҷӯё буданд, то оне, ки ситорахои аввал дар осмон пайдо нашуданд. Аммо аз рафтаҳо нишоне набуд ва аз ҳар ҷониб, аз ҳар гӯшаи Тоҷикистону хориҷи он ба яккабедиҳо занг мезаданду аҳвол пурсида, изҳори тасаллият мекарданд.

Субҳи дигар - мотами умум

Танҳо яккабедиҳо не, имрӯз аҳли Файзобод мотам дошт. Саҳари солеҳон корвони мардум ва мошинҳои пур аз озуқа ва техникаҳои пуриқтидор ҷониби Яккабед равонанд. Тумани ғафси ғаму андӯҳ ҳамаро фаро гирифта, касе маҷоли аз каси дигар чизеро пурсидан намекунад. Назарҳо хамагӣ ба кӯҳи афтода, ки даҳ ҷавони яккабедиро ба комаш бурдааст, нигаронанд. Сараввал роҳи об, ки дар ҷояш аз хоки омада кӯли сунъӣ пайдо шуда буд, кӯшода шуд. Об маҷрои худро гирифт. Низомиёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ ва аҳолии осоишта аз ҳар ҷониб истода теппахокро кофта ҷӯёи шаҳидон буданд. Мардум ончунон зиёд ҷамъ омадаанд, ки ҳатто ба иддае ҷои кор кардан ҳам пайдо набуд. Дар баландӣ аз ҳисоби саховатпешахо барои мардуми ҳашаракӣ анвои хӯрданӣ муҳайё шуда, аммо имрӯз аз гулӯи касе об намегузашт. Соат аз нӯҳ мегузашт, ки ҷанозаи ду нафари дирӯз ёфташуда, Маҳмаду Шодмон оғоз шуд. Намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маросими ҷаноза бо сӯзу гудоз ҳарф заданд. Тобути ҳар дуро мардум бо қалбҳои реш бардоштанд, то ба манзили охираташон бирасонанд, ҷавонмардони ҷавонмаргро. Маҳмаду Шодмонро дар қабристони деҳа ба хок супориданд, аммо ҷанозаи ҳашт нафари дигар ҳанӯз нохонда ва бенишонанд. Ташвиши дам ба дам фаромадани теппаҳои дигари ин макон ҳаросе дар дилҳо меандохт. Аз ин хотир аҳли уламо ва роҳбарияти дар маҳалли офат қарордошта ба кароре омаданд, ки ба кофтани бачаҳо хотима бахшанд. Мувофиқа бо волидайни бачаҳо ба миён омад ва сарҷамъона ҷанозаи бачаҳои фавтидаи бенишон хонда шуд.

Панҷ рӯз баъд

«Лоақал ҷасади сарди фарзандонро бояд бинем, то қалбҳои сӯхта каме ором шаванд», мегуфтанд падару модар ва ёру бародари шаҳидшудагон. Ҳама дар қасди ақаллан дарёфти ҷасади сард афтода буданд. Ба ин минвол рӯзҳои сеюму чоруму панҷум низ кофтукови бачаҳо дар якҷоягӣ бо сарбозони наҷотдиҳанда давом мекард. Ва ниҳоят субҳи рӯзи панҷум ҷасади Мақсудҷони нуздаҳсоларо аз зери хок ёфт карданд. Мотам дар Яккабед   боз шиддат мегирад. Аз оҳу фиғон фалак ба нолиш омада буд. Садои модару хоҳар, наварӯсу ҷигарбандон синаи афлок мешикофт.

Ва боз ду рӯзи дигар гузашт

Ду рӯз баъд аз дарёфти Мақсудҷон, субҳи ҷумъаи даҳуми апрел, яъне ҳафтае пас аз ин воқеаи даҳшатзо ҷасади се тани дигар шаҳидро дар ин водии марг ёфт карданд. Онҳо Худойбердӣ Одинаеви 52- сола, Саид Ҷалилови 18-сола ва Наимчон Қурбонови 26 сола мебошанд. Бо ҳамин аз шумори даҳ нафар ҷавонони шаҳидшуда ҷисми шаш тан ёфт шуда, кофтукови чор тани дигар дар Яккабед, ҷои ҳодиса идома дорад. Он рӯз танҳо дар хонадони ин се тан не, дар ҳар хонаи яккабедӣ ва ҳал кулбаи файзободӣ мотам ғирев кард. Дигар ёрои навиштан намондааст, қалам дар тасвири ин манзараи ҳузнангез оҷиз мондааст...

«Бар модари ман гӯ, дигар бор нагиряд»!

Чор нафари дигар ба хоби абадӣ рафтаанд, дар тайи ҳамон суфраи хок. Суфрае, ки ноҳамвор аст , пасту баландӣ, каҷу килебӣ дорад. Аз миёни ин суфра об меравад. Ҳа, ҳамон обе, ки ҷасади Мақсудҷонро намоён карда буд. Хешу хешовандон ва мардуми омада аз ҳар макон ҷасади боқимондаҳоро ҳанӯз ҳам ҷӯёанд. Миёни онҳо ҷисми Фахриддини 29-сола низ ҳаст, ки сарварии ҷавонони деҳаро ба душ дошт. Фахриддин воқеан ҷавони ғаюру ботамкин ва ташкилотчӣ буд, бо таассуф ёдоварӣ мекунад Умед Раҳимов, раиси бахши ҷавонони ноҳия. Дигарбора аскарону афсарон барои мардуми деҳ хатти оби нӯшокӣ тармим карданд. Раиси тозатаъини ноҳия Миралӣ Раҷабзода ҳар лаҳза аз ҳоли яккабедиҳо бохабар асту тамоми имкониятҳоро баҳрашон фароҳам сохта. Наздикони шаҳидони бенишон хастагии худро эҳсос намекунанд, модарон аз хӯрдану хобидан бегонаанд. Фазои ин макон вазнину даҳшатзост. Аз ҳар хами пуштаҳо гӯё садои ҷамонмардони ҷавонмарг ба гӯш мерасад:

«Эй модару ҳоҳари зори ман, эй ёраки нокоми ман, эй очаи гулрӯи бачаҳо ва эй падари афгору нотавон! Оби дида марезед, аз тақдири сахт ҷойи гурез набудааст, дигар зери ин хоки сард ҷисми ман ором хобидааст. Аз шумо танҳо як каф дуъову тиловати «Қуръон» интизор ҳастам! Алвидоъ!!!»

Ва боз шом фаро мерасаду баъди он субҳи дигаре ибтидо меёбад. Субҳе, ки накҳати хуши баҳорӣ ба димоғ меорад…

Вале субҳи Яккабед ҳанӯз тираву тор аст!

Рустами НАЗИР

P.S. Сешанбе 14-уми апрел баъд аз зуҳр наҷотдиҳандаҳо ҷасади боз як нафар фавтидагонро, бо исми Абдуллоев Исломиддин ёфт намуданд, ки ӯ ҳамагӣ 26 сол умр дошт.