Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ИҚДОМИ НАҶИБ ВА АМАЛИ ХАЙР

Ба ойини ҷавонмардӣ содиқ монда  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 кӯдаке, ки падару модаронашон замони пайвастан ба гурӯҳи террористиву экстеремисти Давлати исломии Ироқу Сурия бо худ бурда буданд, тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон шоми 30 апрели соли 2019 баргардониданд. Дар ин бора аз сомонаи АМИТ «Ховар»  маълумот гирифта, басо ба ҳаяҷон омадам. Бе шубҳа, баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Воқеан ҳам иқдоми олиҳимматона! Чунин хайрхоҳӣ дар якумин рӯзи моҳи май нишонаи инсондӯстӣ ва ватанпарварии Пешвои миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Воқеан ҳам ба ҷавҳари мардӣ доштани Пешвои миллат ҷаҳониён қоил шуданд, ки ин кӯдакони маъсумро аз панҷараи кишвари бегона халос намуда, ба ватани бобоиашон баргардониданд. Ин амал нишони раҳму шафқат, эҳсоси масъулият ва инсондӯстиву ғамхории Пешвои миллат нисбат ба шаҳрвандони мамлакати худ мебошад, ки анҷом доданд. Раҳмдилӣ ва  шафқату меҳрубонии Сарвари давлат нисбат ба шаҳрвандон буд, ки ин кӯдакони бегуноҳ – онҳое, ки волидони ноогоҳашон ба сафи ДИИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) пайваста буданд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Дуруст аст, ки сила кардани сари ятимон, навозиш ва хушҳолу ором кардани онҳо чӣ пайомаде дорад.

Ҳоло бисёр кишварҳое ҳастанд, ки баргардонидани шаҳрвандони дар ҷанг иштирок кардаашонро қабул надоранд.  Мегӯянд, ки онҳо заҳролуд шудаанд ва мо зарурат надорем, зарур намедонем ва иҷозат ҳам намедиҳем, ки ба кишвари мо дохил шаванд ё баргарданд.

Агар хоҳӣ ки Худованд бароят саодатмандӣ насиб кунад, барои саодатмандии дигарон бикӯш.  Худованд мефармояд: «Агар шумо як инсонро наҷот диҳед, саодатманду комёб кунед, мисли он аст, ки тамоми инсониятро комёбу наҷот дода бошед…».

Ин амалкарди Пешвои миллати мо нишонаи раҳму шафқат аст.

Хирадманде мегӯяд: «Агар хоҳӣ ки ҳамеша хонаат, кишварат, миллатат ва давлатат пояндаву  устувор ва мустаҳкаму побарҷо бошад, сари ятимеро сила кун…». Ба ин рафтору ташаббуси Пешвои миллатамон чунин метавонем баҳо диҳем: «Ин аст Ислом ва мусалмонӣ…».

Гузашта аз ин, Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдакон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд. Шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба уҳда гирифтаанд, амали савоб ба анҷом мерасонанд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ бо дастгириҳои падаронаи Сарвари давлат садҳо мактаб — интернатҳо таъсис ёфта, барои нигоҳубун ва дар шароити мусоиду ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир тарбият ёфтани наврасон фаъолият доранд.

Мо агар ба таърихи иқдомоти Сарвари давлатамон дар масъалаи ғамхорӣ ба шаҳрвандон ва кӯдакон назар андозем, он ҳанӯз аз даврае, ки Президенти мамлакат ба сари қудрат омада буданд, шурӯъ мешавад.  Яъне яке аз вазифаҳои асосии Раиси Шӯрои онвақта -ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон буд.

«То даме, ки як тоҷик гуреза бошад, ман ором нестам, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозам, ки ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонам». Ин иқтибосест аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои барои мардуми тоҷик мушкил ва сарнавиштсоз, дар он солҳое, ки ҳазорҳо нафар ҳамдиёрони мо бо амри тақдир ва нооромию даргириҳои кишварамон ба давлати ҳамсоя –Афғонистон фирор намуда буданд. Моҳи августи соли 1993 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди вазъи ноороми сиёсии Афғонистон, ба хотири наҷоти ҳамватанон ба Афғонистон сафари расмӣ анҷом доданд. Воқеан ҳам бо талоши бевоситаи Президенти мамлакат миллионҳо нафар гурезаҳо ба Ватан баргаштанд.

Дар миёни онҳо кӯдаконе буданд, ки шояд он замон ҳамагӣ ду ё се сол доштанд. Имрӯз ҳамаи онҳо шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон ҳастанд ва аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат минатдор ҳастанд, ки чунин ғамхориро дар ҳаққи онҳо зоҳир намуда буд.

Носирхуҷа РАҲИМОВ,

сархатиби ноҳияи   Файзобод.