Вс10202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

 

Дар Паёми ироанамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва, умуман, тамоми мардум дониста шудааст.

Имрӯз дар дунё як қатор ҳаракатҳои ифротгароии дар заминаи эътиқоди динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геопалитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Хушбахтона, дар солхои охир мақомоти сиёсиву қудратии кишвар, ташкилоти диниву ҷамъиятӣ ва ғайра бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Тафаккури ифротии гурӯҳҳои тундрави динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусалмонишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додааст. Истифодаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсади худ, миқёси хатари онхоро даҳчанд менамояд. Бинобар ин, дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддию маънавӣ ва ба роҳ мондани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза ба ин хатар бошад. Ба ин хотир моро зарур аст, ки моҳияти хатари гурӯҳҳои ифротиро қадам ба қадам бозкушоӣ намуда, ҳамзамон ба як силсила масъалаҳои мураккаби назариявӣ ва амалии ин самт посухи ҷавобнопазир диҳем. Яъне, ҳар шаҳрванд бояд дақиқан донад, ки ин зуҳурот ба Ватану миллати ӯ, ба зиндагии осоишта, ба модару хоҳар ва зану фарзандаш хатар дорад. Маҳз чунин дарки яқини дастаҷмъӣ метавонад заминаи сафарбаркунии тамоми зарфиятҳо, имкониятҳо, манфиатҳо, андешаҳо ва инсонҳоро дар муқобили экстремизм ва терроризм фароҳам оварад. Бинобар ин, ба хотири ҳифзи фазои орому осудаи кишвар ва таъмини муҳити мусоиди рушди фарҳанги миллӣ моро зарур аст, ки дастҷамъона истиқлолияти худро ҳифз кунем.

Зубайдов З.Н., мутахассиси бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими миллии назди мақомоти иҷроияи ноҳия.