Вт09172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҚАДРШИНОСИ ҲАЁТИ ИМРӮЗА БОШЕМ

-ДУНЁИ АНДЕША-

          Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусиси бедории сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва амсоли он аз таҷрибаи талхи таърихи на он қадар дури кишвари азизамон ва вазъи ноороми як қатор кишварҳои ҷангзадаи дуру наздик маншаъ мегирад. Мутаассифона, ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз хотири баъзеҳо фаромӯш шудааст, ки бархе аз ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ, экстремистӣ ва террористӣ пайваста ҳаёти худро дар хатар гузошта, обрӯю эътибори худ, падару модар ва хешовандонро мерезонанд. Ҷавонон аз ноогоҳӣ, сустиродагӣ пайрави гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ мегарданд. Фоҷиаи ба сари чунин фарзандон омада, аввало чун тире ба қалби модарон мехалад. Воқеан, модарон аз азал синаи  раҳму сарчашмаи меҳранд. Ваҳдатхоҳу посбони бошарафи тинҷию оромӣ, ташнаи сулҳу субот. Худо накунад, агар дар ягон гӯшаи олам ҷангу ҷидол сар занад, пеш аз ҳама дили онҳо хуну озурдаю моломоли дарду ғам мешавад. Рӯзи сафед дар назарашон шоми тору ҷони фарзандону манзили орзуҳояшон зери хатар менамояд. Ба ёд меояд оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳи миллати тоҷик бо мақсади бунёди давлати исломӣ оғоз гардида, боиси марги даҳҳо ҳазор фарзандони бегуноҳ гардид. Ин дарс сабақ нагардидааст, ки баъзе ҷавонони мо ба суханҳои  ваъдаомези «баъзеҳо» бовар карда, гумроҳона худро ба доми бало меандозанд. Боре андеша намекунанд, ки тавассути заҳмату талошҳои фарзанди сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҷафодида ва ба сангарҳо ҷудогардидаи тоҷик ба рӯзҳои неку шодӣ расид ва дар кишвар фазои орому осуда, сулҳу субот танинандоз гардид. Миллати бузургу некноми тоҷик, ки борҳо аз имтиҳону санҷишҳои сангини таърих сарбаландона гузаштааст, ба оламиён собит кардааст, ки тору пуди ин миллат аз меҳру шафқат, сулҳдӯстӣ ва инсонпарварӣ сиришта шудааст, ҳеҷ гоҳ тарафдори ҷангу хунрезӣ, қатлу ғорат набуду нест.

Мо, модарон дасти дуо мебардорем, ки баъзе фарзандони гумроҳшударо Худованди бузург ба роҳи рост ҳидоят намуда, дар ободию сарсабзии Тоҷикистони азиз ҳиссагузор шаванд!

                                                                        Т.МУНАВВАРА.