Сб12142019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

БОНГИ АЛАМИ МОДАР

Мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ аз мавзӯҳои доғи ҷомеи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, алайҳи ин вабои аср дар кишвари мо тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гаравидани ҷавонон ва баъзе бонувон ҳамеша изҳори нигаронӣ менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми мамлакатҳои олам маҳз қишри ҷавони ҷомеа ба равияҳои ифротӣ ҷалб карда мешаванд. Симои ҷавон гирифтани ифроту терроризм ба пойдории амнияту суботи кишварҳо сахт таъсир мерасонад. Истифодаи неруи ҷавонон дар амалӣ намудани ғояҳои хавфноки ифротӣ нишонаи пастии маърифати ҷавонон ва бетарафии аҳли ҷомеа мебошад.

Ҳодисаи аз тарафи як гурӯҳ ҷавонони тундгаро ба ҳалокат расидани якчанд нафар сайёҳони хориҷӣ дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара чандест сари забони расонаҳои дохилию хориҷӣ мебошад. Панҷ нафар ҷавононе, ки даст ба ин амали нангин зада буданд, метавонистанд шукрона аз Тоҷикистони соҳибистиқлол намуда, дар пешрафту шукуфоии он ҳиссагузор бошанд. Лек бо ин рафтори бераҳмонаю ифротии худ аҳли хонадону пайвандонашонро сархаму мотамзада, обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст намуданд. Чор нафари онҳо фавтидаю як нафари дигари зиндамонда – Ҳусейн Абдусамадов ҳукми абад гирифт, ки ӯ низ дар қатори ҳаммаслакони фавтидааш мебошад. Модари ӯ баъди ҳукми қонунии суд бо дилу дидаи гирён гунаҳгорони асосии ин ҳодиса, ки фарзандаш ба он даст задааст, ҷӯё аст. Модари бадбахту парешонҳол гаҳе изҳори пушаймонӣ аз таваллуду ба воя расонидани чунин фарзанди нохалаф дошта, гоҳе бонги алам аз дил мезанад: «Агар имконият медоштам то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт хона ба хона мегаштам, модарони тоҷикро таъкиду зораю тавалло мекардам, ки фарзандонро лаҳзае бидуни назорат нагузоранд, то ҳаёту мамоти худ  ва аҳли башарро барбоду насӯзонанд. Талаб менамоям, ки Муҳиддин Кабирӣ ва Қори Восит, ки сабаби мағзшӯии фарзандони мо гардидаанд, дар назди қонун ҷавоб диҳанд».

                                                                             Т.МУНАВВАРА