Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ИРОДАИ ҚАВИИ МАРДУМИ БАДАХШОН ҶИНОЯТКОРИРО РЕШАКАН МЕКУНАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябри соли 2018 дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Мухтори Куистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ оид ба баъзе камбудиву норасоиҳое, ки дар ин минтақаи кишварамон ҷой доштанд, изҳори нигаронӣ намуданд.

Аз ҷумла, камбудиву қонуншиканиҳоро дар самтҳои содиршавии ҷиноятҳо, соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, қаллобӣ, худсарона ишгол намудани қитъаи замин, убури ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусодираи маводи мухаддир, нашъамандӣ, паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам, ҷиноятҳои хусусиятҳои террористию экстримистидошта, таҳсили гайриқонунӣ дар муассисаҳои ба ном таълими динии хориҷи кишвар, майзадагӣ, саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва ғайраҳо бо мисолҳои мушаххас таҳдилу баррасӣ намуда, аз мақомотҳои дахлдор қотеъона талаб намуданд, ки чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шаванд.

Воқеан, тули  27 соли истиқлолияти давлатӣ дар ВМКБ хеле пешравиҳо дида мешавад. Ин муддат садҳо иншооти нав ба кор даромаданд. Солҳои мушкиле, ки ҳатто мардуми пойтахт барқ надошт, дар Бадахшон барқ 24 соат таъмин буд. Барои донишҷӯёни ин минтақа дар пойтахт ҳатман хобгоҳ ва дигар имтиёзҳо пешниҳод мешавад. Хулоса, тадбирҳои андешидаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан намудани  зуҳуроти нангин, даъват намудани тамоми кишварҳои олам ба ҳамоҳангиву ҳамдастагӣ дар роҳи мубориза ва муқовимат бо терроризм аз тарафи тамоми давлатҳои минтақа ва олам дастгирӣ ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки саъю талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона карда шудааст, ки сулҳу суботу осоиштагӣ тамоми оламро фарогир бошад.

Мутассифона, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар атрофи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд. Воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Варшаваи Лаҳистон ва Франкфурти кишвари Олмон қарор доранд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд. Мухолифини сиёсати имрӯза, алалхусус аз Муҳиддин  Кабирӣ сар карда ба интиқоди охири сарвари давлат вобаста ба вазъи Бадахшон тобиши сиёсӣ дода истодаанд. Дар чунин ҳолат бо боварии комил  метавон  гуфт, ки  мардуми Бадахшон  худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро махкум кардаанд.

Хушбахтона, имрӯзҳо дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон камбудиву норасоиҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкоргардида, бартараф шуда истодаанд. Ҳар яки мо ба нерӯи қавӣ ва азму иродаи солими бадахшониён бовариву эътимоди комил дорем, ки дар муддати кӯтоҳ ба қонуншиканиҳо хотима дода мешаванд ва амнияту осудагӣ таъмин мегардад.

Бунёд ҲОТАМ