Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

МУБОРИЗА БО ТЕРРОЗИМ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ АСТ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ   ба аҳли башар гушрас намуда таъкид сохта буданд,  ки терроризм-ватан,миллат ва дину мазҳаб надорад.

Воқеан имрӯз дар ҷаҳон терроризмро ба дини мубини ислом нисбат доданӣ мешаванд. Ин тарзи муносибат ғаразнок буда, мутаассифона, тарафдорони худро низ  дорад. Оё бо ин айбгузории бардурӯғ ба дини ислом ва фишору таҳқири мардуми мусалмон терроризмро маҳв кардан мумкин аст? Ҳаргиз не!

Ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолати муҳими имонӣ медонад.  

Бори дигар метавон хотиррас шуд, ки омӯзиши масъалаи мазкур   исбот сохт, ки дастгириҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дини мубини ислом аз минбарҳои баландтарини олам беназир ва арзандаи арҷгузорист. Роҳбари давлати Тоҷикистон яке аз роҳбароне ба ҳисоб меравад, ки ба терроризму экстремизм нисбат додани дини исломро қатъиян маҳкум намуда, хостори тавсеаи ҳамкориҳо миёни давлатҳои мусалмонӣ мебошанд . Мутааcсифона, сарфи назар аз иқдомоти амалишуда, то ҳанӯз дар баъзе ҳолатҳо терроризму экстремизм бо дини мазкур муродиф арзёбӣ мегарданд, ки боиси нигаронист. Таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора – пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, аланга задани оташи ҷанги бародаркуш, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша ҳушёру омода бошем. Пеш аз ҳама, барои дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ бо донишу фарҳанги воло ба воя расидани насли наврас андешидани тадбирҳои муассир ногузир аст.

Бинобар ин имрӯз вазифаи шаҳрвандӣ ва давлатдории мо ин аст, ки бояд чунин тафаккури миллаткуши гурӯҳҳои ифротӣ ҳаргиз ба Тоҷикистон роҳ наёбад. Зеро ин ба як масъалаи   буду набуди давлату миллат мубаддал шудааст.

Имрӯз зарурати он расидааст, ки мардуми кишварамон бо маънавиёти пешрафтаву худогоҳона дар муқобили ҳар гуна ифродгароӣ ва зуҳуроти номатлуби замони худ қарор гирад.Тоҷикистониён на бояд аз рӯи эҳсос бо масъалаҳои ҷиддӣ ва сиёсӣ бархурд кунанд, балки дар муқобили ҳар гуна мушкилот шуҷоатмандона истодагарӣ намуда дар шинохти нуқтаҳои заифу камбудиҳо ба хотири пирӯзӣ бар онҳо тарҳу барномаҳои мушаххас дошта бошанд.

Боиси ба ёддоварист, ки    ҳизби мамнуъи наҳзати исломи Тоҷикистон  асосан аз  ҳисоби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ мешаванд, мехостанд миён ҷомеаи  мо тафриқаандозӣ намоянд.

Мақсади баъзеи ин хоҷагони хориҷӣ   як миллати ҳамфарҳангу ҳамзабони худро зери нуфузи худ қарор диҳанд. Мардуми моро ба ҷанг кашанд ва кишварро бо дасти фарзандонаш  ноором сохтаву  чанд нафаре  сари қудрат биёянду як кишвари ҳамдину ҳамзабонро   мутеъу фармонбардор  созанд.

Аммо миллату бо нангу номуси мо шоҳиди ҳол ҳаст, ки дар баъзе ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дорад ва бархе аз онҳо  бо  надоштани роҳбаре чун Эмомалӣ Раҳмон ба майдони задухурди давлатҳои  пурқудрат шудааст. Шукр, ки роҳбари давлати Тоҷикистон аз ҷумлаи  роҳбароне маҳсуб меёбад, ки  ба терроризму экстремизм нисбат додани дини исломро қатъиян маҳкум намуда, хостори ҳамкориҳои зич миёни давлатҳои мусалмонӣ мебошад.  

Ҳамин аст, ки дар ин роҳи неку ҳақ  мо ба комёбиҳо ноил шуда истодаем.

:black'> мебошад.  

Ҳамин аст, ки дар ин роҳи неку ҳақ  мо ба комёбиҳо ноил шуда истодаем.

                                   Шодмехр Р.