Сб03282020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

ПАҲЛАВОНИ ХӮҶАМАРД

Варзиш саломативу зебоист. Ҳар ки бо варзиш шуғл дорад, бешубҳа солиму бардам аст. Маҳз варзишгарону санъаткорон дар дунё бо ҳунару паҳлавониашон шуҳратёранд. Паҳлавоне, ки дар борааш мегӯем, зодаи деҳаи Хӯҷамард аст. Ӯ пайваста машқу тамрин мекунад.  Мекӯшад, дар риштаи гӯштин то ба қуллаҳои баланди варзиш барояд.

Маҳмадшариф Наҷмиддинов аз овони хурдӣ зери роҳбарии мурабиёни варзидаи диёр Абдуқодир Зокиров,Самандар Қаландаров ва Маҳмадалӣ Мирзоев нозукиву усулҳои гӯштини миллиро омӯхтааст.

Подробнее...

ДУ МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ ХАТЛОН

Рӯзҳои 6-7 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба гиромидошт ва дарёфти ҷоми устоди варзиши иттиҳоди шуравӣ Шариф Саидов аз намуди гӯштини миллӣ дар вазнҳои 65-75кг баргузор гардид. Варзишгарони ноҳияи мо ҳам дар ин мусобиқа иштирок намуданд. Дар қувваозмоии зикршуда Азизулло Икромов (дар вазни 65кг) ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов (дар вазни 75кг) ҷойи аввалро соҳиб шуданд.

Алидод Рабиев дар вазни 70кг мақоми сеюмро ишғол намуд. Ғолибон ҷоми мусобиқаро соҳиб шуданд.

Подробнее...

ҒОЛИБОНИ МАЙДОН АЗ ФАЙЗОБОД

Чанде пеш дар толори гӯштини миллии “Устопирён”-и  шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни собиқадорони ин намуди варзиш доир гардид, ки  дар он 80 нафар варзишгарон аз вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Подробнее...

ПАҲЛАВОН

Варзиш ин саломативу зебоист. Ҳар кӣ бо варзиш шуғл меварзад, бешубҳа   саломатию комёбиҳо насиби ӯст.   Маҳз варзишгарон дар дунёи шуҳрат мувофиқ ба қобилияту ҳунари худ шуҳратёр мегарданд. Ба ин васила дар таърихномаҳову   ёди мухлисонашон нақш мебанданд.

Паҳлавоне, ки мо дар борааш ҳарф мезанем, зодаи деҳаи Ҷонварсӯз асту хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар. Ӯ пайваста машқу тамрин мекунад. Мекӯшад, то ба қуллаҳои баланди   варзиш дар риштаи гӯштинг ноил гардад.

Подробнее...

«ҶАВОНОН» ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

«ҶАВОНОН» ДАР ҶОЙИ АВВАЛДар арафаи таҷлили иди Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири гиромидошти собиқадори меҳнат шодравон Хушмаҳмад Саидов дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Бӯстон мусобиқаи футбол баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 30 даста аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Подробнее...

БУНЁДИ МАЙДОНУ ТОЛОРҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Рӯзи 1 феврали соли равон маҷлиси назоратии раиси ноҳия бо иштироки роҳбарону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо баргузор шуд.

Муовини аввали Раиси ноҳия Акрамзода З.А. ҳозиринро ба масъалаҳои дар маҷлис муҳокимашаванда, ҳолати майдону толорҳои варзишӣ, рафти иҷрои дурнамои бунёди боғҳои нав ва корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои деҳоту шаҳраки ноҳия ошно сохт.

Подробнее...

ШОҲМОТБОЗОН ТӮҲФА ГИРИФТАНД

Ба муносибати Рӯзи варзишгарон 10 августи соли ҷорӣ дар толори варзишии  Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид. Серодам будани толор ва мухлисӣ намудани ҳавасмандони ин намуди варзиш аз шавқ доштани онҳо ба бозии шоҳмот дарак медод.

Подробнее...

ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӢ: 15 ФОИЗИ КОРҲО ИҶРО ШУДАНД

Ҷавонон давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишваранд. Зеро маҳз ҷавонон бо ҳунару  маҳорат ва паҳлавонии худ метавононад миллату кишвари хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Ба ин хотир барои омода намудани  ҷавонпаҳлавонон ба мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ пеш аз ҳама шароити мусоид ва толорҳои муҷаҳҳази варзишӣ лозим аст.

Подробнее...

Подкатегории