Ср10232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВАРЗИШ

МУОИНАИ ТЕХНИКӢ ҲАТМИСТ

Вобаста ба гузаронидани муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёти хоҷагиҳо, идораҳо, ташкилотҳо, муассисаву корхонаҳо ва воситаҳои нақлиёти автомобил дар ноҳия фаъолиятдошта, таҳти №21 аз 2 марти соли 2020 амри раиси ноҳия ба тасвиб расид.

Тибқи талаботи амри мазкур аз 10 то 27 марти соли 2020 ҳамаи ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва хоҷагиҳое, ки воситаи нақлиёт доранд, аз муоинаи техникӣ гузаронида шаванд.

Инчунин муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёти шахсии шаҳрвандон шуруъ аз 10 марти соли 2020 ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа гузаронида мешавад. Ба ин хотир ҷадвали гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти давлатӣ тасдиқ карда шуда, ба роҳбарони идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликияташон супориш дода шудааст, ки нақлиёти автомобили мавҷударо мувофиқи ҷадвали тасдиқгардида барои гузаронидан аз муоинаи техникӣ омода созанд.

                                                                                                            «НФ».