Вт10202020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

АШӮРБИБӢ НОЗИМОВА арзандаи ҳама қадршиносист

Инсонҳои нек ҳеҷ гоҳ аз ҷаҳон бенишон намераванд. Яке китобе ба ёдгор мегузораду дигаре боғе. Саввумин фарзандони солеҳ ба воя мерасонаду чаҳорумин бо амалҳои савобу хизматҳои софдилонааш ба нафъи халқу ватан аз худ ному ёди нек ба ёдгор мемонанд.

Ашӯрбибӣ Нозимова зане замоне фаъол, ҷасуру ташкилотчӣ, муваффақ дар кору ҳаёт, муборизу ҷонфидо, хеле шинохтаю маҳбуби мардум барои ҳар фарде, ки боре ҳамсӯҳбаташ шудаю ӯро дида бошад азизу қадрдон боқӣ мондааст. Хизматҳои арзандаи ӯро баробари хизматҳои занони баруманди ҷумҳурӣ дар мисоли Низорамоҳ Зарифова, Ибодат Раҳимова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Махфират Каримова ва дигарон баҳри маҳви бесаводии занон, афрӯхтани чароғи илму маърифат дар қалби онҳо, мубориза ба муқобили ҳамагуна афроде, ки муқобили занону духтарон дар солҳои 30-40-уми асри гузашта мубориза мебурданд, хело барҷаста аст. Ӯ аз аввалин занони равшанзамири диёр буд, ки аз синни 16-солагӣ ҳаёти худро ба кору фаъолияти ҷамъиятӣ бахшидааст. Солҳои 1936 -1937Ашӯрбибӣ байни духтарони колхозашон ҷасуру чолок ва ҳушёру босавод буд. Баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва дигар занон мудом талош менамуд. Барои амалӣ намудани мақсаду маромҳояш аз минбари рӯзномаи “Меҳнати сотсиалистӣ” истифода мебурд. “Давраҳое, ки дар саҳро колхозчӣ шуда кор мекардам, ноҳақиҳои муфтхӯрону кӯҳнапарастон маро азоб медод. Ҳамеша аз рӯи онҳо ба калонҳо арз мекардам. Баъд дар идораи комсомол ба кор даромадам. Роҳи идораи газетаро низ аз ҳамин ҷо ёфтам. Нахустин хабари танқдии ман охири соли 1936 чоп шуд. Рақибонам ҳамеша ҷойи маро мекофтанд, ки зарари худро расонанд. Ба хона одам мемонданд, ки падарамро дар ин бора огоҳ кунанд. Дар ҳақиқат волидонам борҳо садди роҳ мешуданд, ки дигар ба идораи комсомолу редаксия наравам. Як амаки дигарам, ки Камол Нозимов ном дошт, ҳамеша хона омада ҷанҷол мебардошт, ки мухбириро бас кунам. Баръакс фаъолияти ман рӯз то рӯз авҷ мегирифт. Дугонаҳоям Санавбару Баргӣ ва Ғалатмоҳро ҳам ба ин кор ҷалб кардам. Онҳо аз деҳаҳои гуногуни ноҳия буданд, ки моҳе ду бор ба назди ман омада факту далел меоварданд. Мегуфтанд, ки фалон бой ё фалон мулло духтари 14-15-соларо зани дуюм кард. Ё фактҳои зӯран аз мактабҳо баровардани духтарон ва ғайриқонунӣ ба шавҳар додани онҳоро дугонаҳоям мегуфтанд. Баъди аз сар рафтани падарам дар хонаи амаки ҷанҷолиям Камол ҷо гирифтам. Медонистам маро чашми дидан надошт, зеро медид, ки духтаронро гоҳ ба маҷлису гоҳ ба вохӯрӣ мебарам. Яке аз одамони намоёни деҳа ғайриқонунӣ духтари 15- соларо ба занӣ гирифт. Бар замми ин ӯро аз хондан маҳрум карда намегузошт, ки ҳатто аз ҳавлӣ берун барояд. Ростӣ, дилам ба он духтар сахт месӯхт. Пагоҳӣ бо ӯ сӯҳбат кардаму дар газета мақола навиштам. Одами намоён ҷазояшро гирифту вале ман низ бе ҷазо намондам. Ҳамон рӯзе, ки мақола чоп шуд, қарибии шом бо як дугонаи комсомолам ба хона омадем. Амаки Камол роҳи моро мепоидааст. Аз дар даромадан замон як торсакӣ ба рӯям фуровард, баъд руйи ҳам мушту шатта бардошт. Болои ин занаш ҳам ҷорӯби хонарӯбиро дар сарам майда кард. Дугонаам куҷо рафт, чӣ хел рафт, намедонам. Ҳамон шаб як тикаи нон ҳам маро насиб накард. Ҳамин, ки субҳи зимистон дамид, аз хонаи амакам фирор кардам. Ва то фарорасии баҳор дар хонаи шиносҳо зиндагонӣ кардам. Вале аз навиштану озодандешӣ рӯ натофтам”.

Ин сатрҳо ҳангоми дар ҳаёт будани Ашӯрбибӣ Нозимова аз забони ӯ рӯйи чоп омада буд. Воқеан ин лаҳза яке аз ҳазор як лаҳзаи фаъолияти қариб шастсолаи кории ин зани шуҷои диёр аст. Ӯ зодаи деҳаи Хӯҷамарди диёр мебошад. Фаъолияти кориаш аз соли 1937 ба сифати котибаи Ҳукумати ноҳияи Файзобод оғоз гардидааст. Солҳои 1939-40 мудири шуъбаи пионерон, 1940-41 тарғиботчии комитети ҳизбӣ, 1941-44 мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС), нозири комитети ҳизбӣ, 1944-50 сардори звенои колхози ба номи Ворошилов, 1950-52 мудири шуъбаи занон, 1953-54 шунавандаи гурӯҳи яксолаи мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон, 1954-56 раиси ҷамоати деҳоти Хӯҷамарад, 1963-82 раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон буд. Баъди ба нафақа баромадан ҳам солҳои зиёде дар боғчаи бачагонаи маркази ноҳия чун мудир фаъолият кард.

Хизматҳои ин зани ҷасуру наҷиб бо ордени “Нишони фахрӣ” ва медалҳои “Барои хизмати шоиста ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин”, “Барои меҳнати шоён”, “Ветерани меҳнат”, чанд Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои зиёде қадр карда шудааст. Ӯ чанд даъват вакили ноҳиявӣ ва солҳои зиёд вакили ҷамоатӣ интихоб гардида буд. 16 сол инҷониб Ашӯрбибӣ Нозимова дар қайди ҳаёт нест. Ӯ зане буд замоне бо иродаву ғайрат шохаи шамъи умедеро мунаввар сохта, тирашабҳои қисмати ҳамдиёрони хешро равшан намуда, моро ба зиндагии дурахшону шоиста ҳидоят мекарданд. Ӯ дар замони худ роҳи душвори қисматро тай намуда, тақдирсози занон ва раҳнамои онҳо гардид.   Имрӯз мо бояд аз ҳаёти чунин занони барӯманд огоҳ бошем. Ба қадри зиндагӣ, ободиву озодии хеш ва кишвари азиз бирасем. Месазад барои шод гардонидани рӯҳи поки ӯ дар ноҳия маконеро номгузориаш намоем. Зеро андеша дорем, ки дар диёр зане чун ӯ дар замонаш ҷонфидо ба кори халқу миллат кам буд. Ба қадри заҳматҳои Ашӯрбибӣ Нозимова бояд расид.  

                                                                                                     М. ТАҒОЕВА,

                                                                хабарнигори “Набзи Файзобод”.