Вт09172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОХӮРИҲО ОИД БА ПАЁМ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳо доир гардиданд.

Вобаста ба мавзӯъ ду гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳо сафарбар шуда буд. Ба ҳамин мақсад дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳои МИҲД-и ноҳия гурӯҳи таблиғотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия омада ба гурӯҳҳои корӣ ҳамроҳ гардиданд.

Ҳамин тавр, рӯзҳои 16-17 январ гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати муовини сардори раёсати дуюми пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Икром, корманди ҳамин раёсат Ибодуллозода Арастулло ва корманди шуъбаи минтақавии Агентии мазкур дар минтақаи Рашт Шоҳиён Ҳакимҷон дар Ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, Чашмасор, Қалъаи дашт ва шаҳраки Файзобод суҳбатҳо доир карданд.

16 январ дар толори Филармонияи халқии ноҳия бо иштироки беш аз 400 нафар сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Чорабинии таблиғотиро раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ кушода, аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои сокинони ноҳия ҷиҳати иҷрои нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ мухтасар маълумот дод. Сипас Назарализода Икром атрофи Паём андешаҳои ҷолиб баён кард.

Нимаи дуюми рӯз дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо иштироки беш аз 200 нафар вохӯрӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Раҷабова Нурия пас аз баромади ифтитоҳӣ ҷилави суханро ба Назарализода Икром дод. Раиси Ҷамоати деҳоти номбурда Боев Ҷаҳонбег ва раиси кумитаи маҳаллаи Саричашма баромад намуда, ҷиҳати вазифаҳои сокинон ва фаъолони ҷамоати деҳот оид ба иҷрои ин ҳуҷҷати муҳиму ояндасоз изҳори ақида намуданд.

17 январ гурӯҳи таблиғотӣ дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор бо фаъолану сокинони деҳот вохӯрӣ гузаронд. Муовини сардори раёсати Агентӣ Назарализода Икром ва директори Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон Сайфуддинов Азимҷон дар назди ҳозирин оид ба нуктаю хулосаҳои дар Паём зикргардида маърӯза карданд.

Ин мавзӯъ ҳамон рӯз дар толори хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таблиғотчиён вобаста ба масъалаҳои бамиёнгузоштаи Сарвари давлат сокинони ноҳияро ба ободонию созандагӣ, риояи қатъии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои коррупсионӣ, ба касбомӯзию меҳнати созанда ҷалб намудани сокинон, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва дигар амалҳои манфиатбахш ҳидоят намуданд.

НУРЗОДА Сафарбек, Собир РОЗИҚОВ.