Пн08262019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ДАР МУЛОҚОТИ ВАКИЛ

Ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асозода Хайрулло ва раиси Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардорони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони кумитаҳои маҳал атрофи Паёми ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ дар ибтидо атрофи ҳамовозӣ ва дастгирии Паёми Сарвари давлат аз ҷониби сокинони диёр ҳарф зада, меҳмононро боварӣ бахшид, ки мардуми сарбаланди ноҳия дар асоси дастуру пешниҳодҳои Пешвои миллат, ки зимни ироаи Паём гуфта гузаштанд, кору зиндагӣ хоҳанд кард.

Асозода Хайрулло зимни баромади худ вобаста ба таҳсили духтарону соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани бонувон ҳарф зада, гуфт, ки Сарвари давлат бесабаб зимни ироаи Паёми имсола ба ин нукта ишора накардааст. Зеро имрӯз мушкилоти вобаста ба занон, аз ҷумла зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар кӯча мондани ҷавондухтарон яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин хотир Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар сохтори бонкдории кишвар мутахассисон аз ҳисоби занон бештар ҷалб карда шавад.

Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар суханрониаш бештар атрофи созандагиву ободонӣ гуфт. Мавсуф қайд кард, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона ба бунёдкориву зебо намудани диёрамон камари ҳиммат бандем.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.