Вт12102019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

САҲМИ КОРХОНАҲОИ ХУСУСИГАРДИДА ДАР ПЕШРАФТИ НОҲИЯ ЧАШМРАС НЕСТ

Суханронии муовини раиси ноҳия

Сафаров Рустам оид ба натиҷаҳои иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2016

Дар нимсолаи аввали соли 2016 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин карда шуда,  иҶрои буҶа дар Қисми даромад ба дар назардошти маблағҳои мақсадноки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 17384,9 ҳазор сомонӢ, 17083,3 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 98 фоизи нақша  маблағ ворид шуд, ки аз нақша  ба маблағи 301,5 ҳазор сомонӣ  кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1215,4 ҳазор сомони зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ ба ҷои 5558,7 ҳазор сомонӣ, 5130,3 ҳазор  сомонӣ ё ба андозаи 92  фоизи нақша иҷро гардида, ки аз нақша 428,4 ҳазор  сомонӣ кам ворид гардидааст. 

Дар шаш моҳи  соли 2016 аз 11  сарчашмаҳои андозбандӣ,  нақшаи 10 сарчашмаҳои андозбандӣ  иҷро гардида, нақшаи 1 сарчашмаҳои андозбандӣ- андоз аз воситаҳои нақлиёт (45473 сомонӣ)  иҷро нагардид.

Сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз аз воситаҳои нақлиёт дар он аст, ки ҳангоми санҷишу редҳо аз тарафи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ барои пардохти андози воситаҳои нақлиётӣ аҳмияти ҷиддӣ дода намешавад  ва ин намуди хизматрасонӣ ба дорандагони воситаҳои нақлиёт суст ба роҳ монда шуда, бисёри онҳо дар шаҳрҳои Ваҳдат, Душанбе аз муоинаи техникӣ мегузаранд, ки  боиси иҷро нагардидани ин намуди андоз  мешавад.

Имконияти аз ин ҳам бештари ба буҷет ворид намудани андозу пардохтҳо мавҷуд буд, вале бисёр андоздиҳандагон уҳдадории худро оид ба пардохти андозҳо дар назди давлат сари вақт ва пурра иҷро накарданд, ки боиси пайдо гаштани бақияпулии андозу пардохтҳо гардид.

Маблағи бақияпулиҳои андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2016 1243,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли  гузашта, 666094   сомонӣ зиёд шудааст.

Маблағи зиёди бақияпулиҳо ба  ҶДММ “Лаъл скан”- 265925 сомонӣ, КВД  ба номи А. Назиров -26369 сомонӣ, корхонаи пиллахушкунӣ -68548 сомонӣ рост меояд. 

Дар ин давра дар асоси “Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо” аз ҷониби бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия ва комиссияи хусусигардонӣ 2 музояда гузаронида шуд, ки дар онҳо  12 га  боғи мевадиҳанда ба маблағи 7131 сомонӣ ва  як хонаи истикоматӣ  ба маблағи 109200 сомонӣ  фурӯхта шуд ва аз ҳисоби ба иҷора додани амволи давлатӣ ба 16 нафар шахсони ҳуқуқию воқеъӣ ба маблағи 8842 ба суратҳисоби корхона ворид карда шуд. Аз ин маблағ ба буҷаи маҳаллӣ  116331  сомонӣ ворид гардидааст.  Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияро зарур аст, ки  имрӯз сари масъалаҳои амволе, ки харидорӣ шудаасту фаъолият наменамоянд, масъалагузорӣ намояд. Шахсоне, ки моликиятҳоро харидорӣ намудаанд тибқи шартномаи хариду фурӯши моликияти давлатӣ бояд аввалан соҳаи мазкурро равнақу ривоҷ дода, баъдан ташкил намудани ҷойҳои нави кориро роҳандозӣ намоянд. Аммо имрӯз онҳое, ки    моликияти давлатиро харидорӣ намудаанд  амволҳои мазкурро ба нестӣ оварда расонида истодаанд ва бахши  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ин бояд  аҳамияти ҷиддӣ  диҳад. Инчунин тибқи низомномаи бахш ҷиҳати ҷалби  сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бояд бо ташкилотҳои  дахлдор ҳамкорӣ  намуда, амалисозии онҳоро    бо бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия  ба роҳ монанд.

Мутаасифона  на аз тарафи  бахши сармоягузорӣ ва на аз тарафи  бахши рушди иқтисод ва савдо ягон корҳое дар ин самт  амалӣ нашудааст.

Дар шаш моҳи  соли ҷорӣ  барои таъмир, сохтмони асосӣ ва дигар корҳои ободонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия ба маблағи 2486,2 ҳазор сомонӣ иҷро намуданд, ки аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 795,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта      555,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз тарафи шуъбаи сохтмони асосӣ оиди сифатнок, истифодаи масолеҳи сохтмонӣ, мувофиқ  будан ба меъёрҳои сохтмонӣ дар ягон иншоотҳои сохташаванда санҷишҳо гузаронида  нашудааст, ки ин аз беаҳмиятии  шуъбаи мазкур нисбати иҷрои вазифаҳояшон  дарак медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои саноатӣ ноҳия новобаста аз шакли моликияташон бо дарназардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нушокӣ  дар маҷмӯъ 4298,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 716,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Ҷамъияти матлуботи ноҳия дар давраи ҳисоботӣ   343,4 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст оварда ба буҷаи ноҳия 201,3 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби андозҳо маблағ ворид намудааст. Мутаассуф сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест, либосе, ки барои фурӯшандагони молу маҳсулотҳо пешниҳод шудааст дида намешавад, бар зами ин дар роҳравҳои бозори марказӣ, ки барои фурӯши маҳсулотҳо аз ҷиҳати санитарию гигенӣ ҷавобгуи талабот нест ба чашм мерасад. Ҳолати санитарии нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта маданияту сифати хизматрасонӣ ба куллӣ беҳтаршавиро металабад. Ба роҳбарияти муассиса зарур аст, ки сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар намуда, имконияту захираҳои мавҷударо васеътар истифода намояд.

Корхонаи масъулияташ маҳдуди “Хизмат” дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ ба маблағи 92190 ҳазор сомонӣ хизмат расонидааст, ки  нисбат ба  нақша   зиёд  аст. Роҳбарияти корхонаи мазкурро зарур аст, ки ҷиҳати   ба роҳ мондани дӯхти либосҳои мактабӣ   чора андешӣ намояд. 

Аз тарафи терминали мусофирбарии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми мусофирбарӣ ба 1098,2 ҳазор нафар расонида шуда, рафтуои мусофирон ба 18,9 млн км рост меояд. Бояд қайд намуд, ки хизматрасониҳои терминали мазкур ҷавобгӯи талабот набуда, камбудиҳои зиёд ба чашм мерасад, роҳбарияти терминали мазкурро зарур аст, ки нақшаи дурусти мусофиркашониро барои хатсайрҳои дохилӣ ва берунии ноҳия тартиб дода, назоратро ҷиддӣ намояд

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард тайи шаш моҳи сол  ба маблағи  73697 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро намудааст.

Идораи бисёрсоҳавии манзилию коммуналии ноҳия дар ин давра  ба маблағи 299,8 ҳазор сомонӣ корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва дигар хизматрасониҳоро   ба анҷом расонидааст.    Бояд қайд намуд, ки кори муассиса дар бобати обрасонӣ ба сокинони шаҳрак, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаҳо, гирифтани партовҳо беҳтаршавиро металабад. Инчунин ҷиҳати гулкорӣ ва сабзапӯш намудани   ду тарафаи роҳи пиёдагарди маркази ноҳия ва нигоҳубини дарахтони хамешасабзи арча барои зебо ва дуруст гардонидани симои дохили  маркази ноҳия корҳо ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Роҳбари муассисаро   зарур аст, ки ба ин масъала ҷиддитар муносибат намуда, нисбати камбудиҳои ҷойдошта беаҳмиятӣ зоҳир нанамояд.

Аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 104 адад қарорҳо оиди ҷудо намудани замин, сохтмон, азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ободонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра нисбати 44 нафар муроҷиаткунандагон иҷозатномаҳои сохтмонӣ ва супоришҳои меъморӣ дода шуда, ба буҷети ноҳия ба маблағӣ 5564 сомонӣ ворид карда шуд. Оиди 13 адад бинову иншоотҳо барои корҳои бесифати сохтмонӣ  ба маблағи 5040 сомонӣ ҷарима карда шудааст. КВД “Лоиҳакаш” дар ин давра  ба маблағи 146370 сомонӣ корҳои лоиҳакаширо, аз қабили биноҳои истиқоматӣ ва ёри расон (125870 сомонӣ) ва лоиҳаҳои биноҳои ҷамъиятӣ (20500 сомонӣ) ба анҷом расонида шудааст. 

Дар шаш моҳи соли 2016 дар ноҳия 6687 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии нафақапулиҳо 8208,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки айни замон ин маблағ пурра маблағгузорӣ ва пардохт карда шудаат.