Ср11132019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

МУБОРАКБОДИИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 24-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Бисту чор сол мешавад, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол аст ва мардуми шарифи кишвар дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро ба ин ҷашни бузурги миллиамон 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.  Бисту чор сол чандон фурсати тӯлонӣ набошад ҳам, Ҳукумати  ҷумҳурӣ дар ин муддати кӯтоҳ тавонист, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори Ватанамонро таъмин намуда, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорад, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшида, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқи кишвар  равона созад.
Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунадешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ маҳсуб мешаванд, арҷи тамом мегузорад.
Бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта мешавад.
Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон пайванди ногусастанӣ бахшида, имкон фароҳам овард, ки ба чор тарафи олам роҳҳо кушода шаванд ва ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо мамлакатҳои пешрафтаи дунё барқарор карда шавад.
Чи тавре президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии миллию таърихӣ, эҳёи оину  суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард».
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои сифатан нав ворид гардида, сол то сол пеш мераванд. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд, ки сифати хизматрасониҳо дар низоми маорифу тандурустӣ баланд гардида, ба сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ расонида шавад.
Боиси ифтихору фараҳмандист, ки дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар  ноҳияи Файзобод низ пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Дар ин давра сатҳи зиндагии сокинони ноҳия ба маротиб боло рафта, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва кишоварзӣ бо суръат рушд намуданд. Дар ин солҳо симои ноҳия ба куллӣ дигар шуда, дар ҳудуди он даҳҳо биноҳои маишию маъмурӣ ва хизматрасонию манзилӣ ба таври наву замонавӣ қомат афрохтанд. Ҳамасола дар соҳаҳои гуногуни ноҳия, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии худро дар шароити ривоҷ ёфтани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва афзудани тазодҳои идеологӣ таҷлил менамояд. Аз ин рӯ дар назди мо дар бобати ҳифзу афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият вазифаҳои басо пурмасъулият меистад. Зеро дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси диёр мебошад. Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ ва оинҳои давлатдории худ огоҳ бошанд, вобаста ба дигаргуниҳои баамаломада барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ ҷаҳду талош намоянд. Мактабу муаллим, падару модарон, умуман аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст аҳамияти ҳамаҷониба зоҳир намуда, онҳоро бо сунатҳои воло ва мероси бузурги ниёгонамон ҳарчӣ беҳтару бештар ошно намоянд, дар замири онҳо ҳисси ифтиҳор аз ватану диёр, аз арзишҳои волои инсониро тарбия намоянд.


Ҳамдиёрони азиз!

Мо ба ҳиммати баланду азми қавии мардуми диёрамон, ҷавонони бонангу номуси он боварии комил дорем ва аминем, ки сокинони ноҳия баҳри ҳифзу афзун намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзанд ва дар ободию гулгулшукуфии ноҳия, татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми сазовору арзанда мегузаранд.
Бо чунин ниятҳои нек тамоми сокинони ноҳияро бори дигар ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Иди Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!