Вт10202020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

РӮЗНОМАНИГОРОН ҲАМ ҶИЛАВГИРИ КОРРУПСИЯАНД.

Коррупсия яке аз мушкилотҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад,ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонуниро роҳандозӣ намояд. Боиси қайд аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи   Пешвои миллат бармеояд. Муқовимат бо коррупсия кори дастҷамъона буда дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд: “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа , ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад”.

Идораи рӯзнома – корхонае, зиёда аз 40 сол боз бори заҳмати рӯзноманигориро мекашам, маконест , ки он ҷо шаҳрвандони зиёде ҳар рӯз меоянд. Ҳар нафар бо ҳар гуна дархост , хоҳиш, маслиҳат, имдодҷуӣ ... Ва рӯзноманигор - журналист бояд фарде бошад, ки бо ҳамаи корафтодагон сӯҳбатҳои таъсирбахш карда тавонад, аз дарди дили онҳо бохабар шавад, яъне то ҷое имконият дорад ба шаҳрвандон кӯмаки равонӣ расонад. Шоираи тавонони тоҷик Озод Аминзода дар ситоиши касби рӯзноманигорӣ гуфтааст:

Касби матлубе ту дорӣ журналист,

Гоҳ чӯпон гоҳ деҳқон мешавӣ.

Гаҳ муаллим, гаҳ муфаттиш, гаҳ табиб,

Бар дили пурдард дармон мешавӣ.

Ва тули солҳои фаъолияти рӯзноманигорӣ як чизро пеш аз ҳама дарк намудаам, ки одамон вақте ки аз чандин даргоҳҳои корафтода шуданашон рӯҳафтодаю ноумед мегарданд, барои имдод рӯ ба рӯзноманигорон меоваранд.

... Духтаракеро медонам, ки аз як деҳаи дурдасти диёр қариб 30 сол пеш барои як ҷанҷоли замин ва ҳамсоядорӣ ҳамроҳи падари муаллимаш ба идора омада буданд. Ҷанҷоле , ки аз рӯи гуфтаи онҳо дар ягон идораҳои дахлдор ҳалли худро наёфта. Рӯзнома баъди тадқиқоти журналистӣ зери сарлавҳаи “Хонаи хусумат ”мавод чоп кард ва бо ҳамин ҳам ба моҷарои ҳамсоядорӣ ва ҳам хариду фурӯши замин нуқта гузошт. Ҳамин духтарак бо гузашти солҳо пайи ёфтани ҷойи кор (ӯ хатмкардаи Коллеҷи тиббӣ аст) бо умед аз нав ба идораи рӯзнома омад. Аз гуфтаҳояш маънӣ бардоштем, ки роҳбаре барои таъмини ҷойи кор аз ӯ пул талаб кардааст. Баъд аз чандин зангҳои телефонию хоҳишҳои бешумор ӯро дар беморхонаи минтақавӣ ба кор қабул карданд. Ҳафтае баъд барои изҳори миннатдорӣ ба идора омада “хайрият баъди дахолати шумо нисфи маблағро гирифтанд”- гуфт . Мо низ хайрият гуфтем, ки андаке бошад ҳам ҷилави роҳбари тамаъҷуеро кашидем.

Назари Худованди бузург ҳамеша дар пастист . Бонуи қадршиноси дигаре, ки аз оилаи хеле ниёзманди диёр аст, дугоник таваллуд кард. Маблағе надошт, ки ҳаққу шодиёнаи табибонро диҳад, парпеч хараду худро аз хиҷолат барорад . Аз шарми бепулӣ оби дида бари рухсораҳои зебояшро мешӯст. Рӯзи гусел бо мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба таваллудхона омада, тифлаконро ба оғӯш гирифта ба хонаи хоксоронаашон, ки дар яке аз оғилҳои фермае ҷойгир буд, бурдем...

Ҷавони дигаре идораи рӯзномаро суроғкунон омад. “Ман чӣ кор кунам , ки пули барои замин додаамро баргардонам ? Охир номи ман дар газета чоп шуду ба ман замин нарасид”.

“О додар, замин бепул ку? Шумо худ ба як танга зору аз куҷо пул ёфтед?”

“Чӣ хел замин бе пул мешудааст. Ман аз бонк қарз гирифтаму намедонам чӣ кор кунам ?”.

Ин гуфтугузорро таъҷилӣ ба масъулон расонидем...

Ин мисолҳо қатрае аз баҳри фаъолияти мо рӯзноманигорон аст. Ва ҳастанд тангназароне, ки ба кори сангини мо рӯзноманигорон баҳои яктарафа медиҳанд. “ Редакция адвокатхона шудааст”, беандешона гуфтааст соҳибмансабе. Мо бошем мегӯем : Рӯзноманигорон дарди ҷомеаро бештар ҳамдаму ҳамнафаси мардуманд эҳсос менамоянд, ва аз ҳама асосӣ онҳо то қадри имкон ҷилавгирӣ мекунанд аз ҳар намуди коррупсия- ин падидаи номатлубу нангини ҷомеа.

                                                                        М. ТАҒОЕВА, хабарнигори “Набзи Файзобод".