Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

СУХАН АЗ ОБОДКОРИҲО

Ҳамаи ободкориҳои  солҳои охирро сокинони ноҳия  хеле хуб баҳогузорӣ карда умедвории онро  доранд, ки  ташаббусу иқдомҳои  нав ба нав соли равон дар ноҳия  амалӣ хоҳад гашт. Дар саҳифаи имрӯзаи  мо андешаҳои мардум атрофи  ободкориҳост.

 

КОРРО КОРФАРМО МЕКУНАД

Роҳи мошингард аз деҳаи Ҷонварсӯз то шоҳроҳи калон он  қадар масофаи зиёд набошад ҳам, дар фасли зимистон ба рафтуомади ронандагону пиёдагардҳо мушкилии зиёд пеш меовард. Шамоли Элок тарма хоб мекард. Роҳ аз ду тараф баста шуда, барои тоза кардани он маблағу заҳмат сарф мешуд. Ин мушкилӣ солҳои зиёде вуҷуд дошт. Хушбахтона, бо супориши раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ моҳи декабри соли 2016 дар дарозии  шафати  роҳ бо экскаватор хандақ канда шуд. Акнун  барфи шамоловарда ин ҷо манъ мешаваду роҳ аз тармахобкунӣ эмин мемонад.

Аз ин роҳ мардуми деҳаҳои Ҷонварсӯз, Файзобод, Боғимирӣ, Сурхдара, Қанғелӣ, Чуқурак ва Сайдонӣ мегузаранд. Касе, ки мушкилоти ин роҳро дар рӯзҳои шамолу барфи зимистон дидааст, ба ташаббускори ин кори хайр ҳазор раҳмат мегӯяд.

Дар ин кори оқилона сокинони деҳоти ба номи Дӯстмуроди Алӣ бо роҳбарии раиси ҷамоат  Зайдулло Зубайдов саҳмгузорӣ карданд.

Нафақахӯр Шарипов Аъзам, сокини деҳаи Ҷонварсӯз, собиқ роҳбари хоҷагии ба номи Орҷоникидзе, бо як самимият аз роҳбари ноҳия миннатдорӣ кард, ки тӯли солҳои зиёд ба сари касе ин андеша наомада буд. Нафақахӯр Мирқадамов Н., сокини деҳаи Қанғелӣ, дорандаи ордени «Шарафи меҳнат» аз ин кори раис бо шукрона ҳарф зад.

Кулли сокинони деҳаҳои зикршуда ва мусофирони ин роҳ ба раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ миннатдорӣ баён менамоянд.

Мо, мардуми тоҷик як мақоли маъмул дорем: «Корро корфармо мекунад». Ин бунёдкориҳо, аз қабили чароғон шудани роҳи маркази ноҳия, дар ду тарафи шоҳроҳ шинонидани арчаҳои сарсабз ва бунёди боғҳои нав, ташкили «Гӯшаи деҳқон», ободии қабристонҳо аз маҳорати баланди роҳбарии раис гувоҳӣ медиҳад. Ҳар яки мо бояд иқдоми бунёдкорию ободкунии раисро дастгирӣ намуда, ҳиссагузори ин корҳои хайр бошем.

Абдураҳим КАРИМОВ, нафақахӯр,

Файзулло ЮСУФОВ, корманди маcъули ҷамоат.

СЕ  ФАСЛИ  ХУРРАМИСТОН

Ман дар давраи истиқлолияти кишвари азизам дар вазифаҳои гуногуни тандурустии ноҳия фаъолият кардам. Яке аз вазифаҳоям директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия буд. Ин муассиса солимгардонии аҳолӣ, озодагии маҳалро назорат менамояд. Аслан ин корҳо  танҳо вазифаи ин муассиса нест. Ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилӣ  - коммуналӣ», бахши ҳифзи табиат, дигар ташкилоту муассисаҳо, инчунин фаъолони маҳаллаҳо бояд дар ин бобат кор кунанд. Ҳини дар вазифа будан  мушоҳида  менамудам, ки бисёриҳо  бемасъулиятию  фориғболӣ карда, масъулияти солимгардонӣ,  тозагию ободкорӣ, дарахтшинониро ба зима намегирифтанд. Онҳо, ба қавли худашон, «пушти кори худ» буданд.

Чорабиниҳо соле як маротиба тартиб дода мешуданд, маблағи зиёде ҷудо мегардид, аммо натиҷа кам буд.

Ҳоло чӣ? Бинед, ки дар се мавсими як сол ноҳия аз ҷиҳати ободкорӣ куллан дигаргун метобад. Ба мушоҳидаи ман чунин ҳаҷми кор дар 25 соли истиқлолият иҷро нашуда буд. Маълум мешавад, ки барои ин кор дилсӯзӣ даркор будаасту ғамхори халқу ватан будан.  Гап дар сари он, ки роҳбари имрӯзаи ноҳия Раҷабзода Миралӣ тавонист мардумро ба ободонию дарахтшинонӣ ва зебогардонӣ сафарбар намояд.  Шумо дар баҳору тобистони соли пешин мушоҳида кардаед, ки маркази шаҳрак чӣ намуди зебое гирифта буд?  Ду ҷониби шоҳроҳро намегӯед: гӯристонҳои қад-қади он обод шуда, теппаҳо пай дар пай барои дарахтшинонӣ омода карда мешаванд. Гуфтан мумкин, «Шоҳроҳ» дар ҳудуди ноҳияи мо ба номи ҳақиқиаш  соҳиб шуд. Ростӣ, аз тамошои раддаи арчаю сӯзанбаргу санавбари ду ҷониби роҳ баҳри дили кас кушода мешавад. Пас чаро инкор кунем, ки ноҳияи Файзобод воқеан рӯ ба ободӣ ниҳодааст. 

Аббос ЗАРДОВ, сокини шаҳраки Файзобод. 

ДАСТИ ДУО

Ман нафақахӯри Вазорати корҳои дохилӣ, собиқ корманди Раёсати Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изомиддинов Тоҷиддин Вайсиддинович, ки дар барқарории  Ҳукумати конститутсионии ватани азизамон бевосита иштирок ва саҳмгузор мебошам. Имрӯз шукрона аз он мекунам, ки давлати тинҷу ором ва Сарвари ғамхору ватандӯстро Худованд насибамон гардонидааст.

Ман зодаи ноҳияи Файзобод мебошам, ки то ба имрӯз дар ин ҷо умр ба сар мебарам  ва чигуна будани Файзободро аз пеши назар мегузаронам. Аз солҳои 1969 то солҳои 1983 роҳбарии ин ноҳияро Шоев Мирзохӯҷа ба уҳда дошт, ки то ба имрӯз пиру барнои ноҳия ӯро ба некӣ ёд мекунанду ба рӯҳу арвоҳаш дуои хайр мекунанд. Аз соли 2015 роҳбарии ноҳияи Файзободро ба уҳдаи шахси ободкор Миралӣ Раҷабзода гузоштанд. Ба туфайли ин кас дар мудати кӯтоҳ Файзободи мо симои худро дигар карду корҳои даҳсола дар мудати ду сол ба ҷо оварда шуд.  Мо, собиқадорон аз ин пешрафтҳо ва гулгулшукуфоии диёрамон хело хушҳолем. Ман, ки раиси шӯрои собиқадорони меҳнати деҳоти Вашгирдро ба уҳда дорам, ҳангоми вохӯриҳо аз ин шоҳкориҳо гап мезанам. Аз Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ мекунам, ки ин гуна одамони кордонро роҳбар таъйин мекунад. Мо мебинем, ки дар рӯзҳои истироҳат дар шоҳроҳи назди деҳаи Лолагӣ то нимпайкараи Дӯстмурод Алиев одамон бо роҳбарии раиси ҷамоат Мукаррама Шарифова ба ҳашар баромада ниҳол мешинонанд.

Ободкориҳо маро водор кард, ки арзи  сипоси собиқадорони ҷамоати деҳоти Вашгирдро ба Президенти маҳбубамон баён кунам. Худовандо, сояи худатро, ки дар рӯйи замин ба мо насибу рӯзӣ гардонидаӣ, аз тамоми бадхоҳону бадбинону газандҳо паноҳ дор.

Т. ИЗОМИДДИНОВ,

сокини деҳаи Лолагӣ.