Пн08262019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ДАР НАВОБОД МАКТАБ МЕСОЗАНД

ДАР НАВОБОД МАКТАБ МЕСОЗАНДНавобод яке аз маҳаллаҳои ояндадори Ҷамоати деҳоти Ҷавонон  ба шумор меравад. Маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии кишвар  деҳаи мазкурро  ояндаи дурахшон насиб гашт. Деҳа аз маҳаллаҳоест, ки дар ҳар кунҷаш сохтмони манзилҳои истиқоматӣ   идома дорад.  То солҳои наздик  дар деҳа  85 оила истиқомат дошт.  Баъди ҷудо намудани  10 гектар замин, ки ба зиёда аз 200 нафар эҳтиёҷмандон тақсим гардид,шумораи оилаҳо дар  Навобод ба 300 нафар расид. Бо назардошти афзудани шумораи сокинон аҳли деҳ  бунёди мактаби навро ният карданд. Зеро мактаби асосии деҳа, ки фаъолият дорад, оянда талаботи  сокинонашро қонеъ намегардонад. Ин иқдомро кулли сокинони деҳа дастгирӣ карданд.

Аллакай деворҳои  бинои мактаб, ки аз 9 синфхона, хонаи омӯзгорону директор ва китобхона иборат аст, қомат рост кард.Синфхонаҳои васеъ бешак фарогири ҳамаи шароитҳо дар оянда хоҳад шуд.

-Рӯзҳои наздик болои онро маҳкам хоҳем кард ва шукр, ки ҷавонон аз муҳоҷират баргаштаву   бо ғайрати дучанд ба сафи  ҳашарчиҳо  ворид шуда истодаанд. Боварӣ дорем, ки  дар вақти муайянгашта  мактабро ба истифода хоҳем дод,- бо ифтихор мегӯяд Маҳмадулло Мухторов, муовини раиси маҳалла.

Дар сохтмони мактаби мазкур саҳми сокинони деҳа Сайфиддин Мухторов, Ғайратшоҳ Зайниддинов, Ҷамолиддин Таваккалов, Хайрулло Қосимов, устоҳо Зайдулло Қосимов , Рустам Каримов, Ҳокимшоҳ Мухторов хеле калон аст.

Раиси маҳалла Тавакал Мухторов  иброз дошт, ки  ҳамаи таҷҳизотҳои таълимӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия таъмин хоҳад шуд.

Иқдоми сохтмони мактаби мазкур   аз ҷониби  сокинони деҳаи Навобод шоистаи дастгирӣ ва пайравист.

«НФ».