Пн08262019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

РӮЗИ ДОНИШ БО ДАРСИ СУЛҲ ОҒОЗ ЁФТ

Дирӯз дар саросари таълимгоҳҳои мамлакат соли нави хониш оғоз ёфт. Садҳо ҳазор  толибилмонро дабистонҳои кишвар ба оғӯши гарми худ пазируфт. Чун ҳамасола  якуми сентябр аз дарси сулҳ оғоз гардид. Зеро Сулҳи пойдору устувор, Сулҳе, ки боиси оромию ваҳдату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ ва шукуфоии кишвари азизамон гардидааст, барои ҳар як фарди Тоҷикистон азиз аст.

Имсол зиёда аз нуздаҳ ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таълимии  ноҳия бо табъи болидаю рӯҳи тоза ба соли нави хониш  шурӯъ карданд. Дар чеҳраи ҳар мактаббача  ифтихор аз шукуфоию пешрафти ватани азиз ҳувайдо буд.

 Пеш аз оғози чорабиниҳои соли хониш  дар толору саҳни мактабҳо шогирдону ҳозирин  тавассути телевизион дарси аввал-дарси сулҳро, ки Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронид, бо таваҷҷуҳи хоса тамошо карданд.

Пеш аз аз оғози дарси аввал дар ҳамаи мактабҳо бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, падару модарон, собиқадорони соҳа, ашхоси намоёни маҳал чорабинӣ  доир гардид.  Ҳозирин ба толибилмон  хониши хубу аъло ва азбарнамоии донишҳои муосирро орзу карданд.

Аҳли маорифи ноҳия ба соли хониши нав омодагии ҳамаҷониба дидаанд, зеро  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  нисбати солҳои пешин  барои сохтмон ва  таъмиру азнавсозии  таълимгоҳҳо   зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.  Корҳои сохтмонии ду синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби   деҳаи   Офтобрӯя,   сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 дар деҳаи Бӯстон ва таҳсилоти  асосии рақами 60 дар деҳаи Кенҷаобод аз ҳисоби соҳибкор Ҷамшед Ғафуров анҷом ёфт. 

Ҳангоми баргузории дарси сулҳ дар Донишгоҳи Давлатии Данғара  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон  дастур доданд, ки «Бовар дорам, ки устодону шогирдон, роҳбарон ва масъулони соҳаи маориф дар асоси талаботи имрӯза корро дар соли нави таҳсил бо усулҳои наву муосир ба роҳ монда, дар ташаккули насли даврони истиқлолият, тафаккури шахсияти оянда ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд ва сатҳу сифати таълиму тарбияро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳтар мегардонанд».

Ин таъкиди Сарвари давлат  маорифчиёни ноҳияро  водор месозад, ки  раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда,   шогирдони сазовори даврро тарбия намоянд.

«НФ».