Вс12062020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ХАЗИНАДОРИ ТАЪРИХИ МАКТАБ

ХАЗИНАДОРИ ТАЪРИХИ МАКТАББа  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 20-и деҳаамон ҳар меҳмоне, ки  ояд, ҳатман аз Осорхонаи Абдуғаффор Сафаралиев дидан мекунад. Воқеан ҳам  осорхонаи таъсиснамудаи муаллим бо нигораҳои ҷамъовардаааш бисёр   диққатҷалбкунанда аст. Муаллим дар он  бозёфтҳои нодири ҷамъкардаашро аз асри панҷ сар карда то ин давра гирд овардааст. Шамъдон, тангаҳои гуногун, зевару дастпона, кӯзаю офтоба, чахдегу сафолпораҳо, ки ба асрҳои гуногун тааллуқ доранд, инҷо маҳфузанд. Чунин бозёфтҳои таърихиро муаллим аз Қалъаи сангин, ки дар канори Вашгирди бостон ҷойгир асту борҳо дар ин мавзеъ олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳафриётҳо гузаронидаанд, гирд овардааст.

Дар як қатор сарчашмаҳои таърихӣ Қалъаи сангин  маркази шаҳри Вашгирд дониста шудааст. Ин мавзеи биҳиштсон дар асари ҷуғрофии «Ҳудуд – ул – олам», «Мин – ал Машриқ ила- ал Мағриб» ва дар «Шоҳнома» - и Ҳоким Мансур Абулқосим Ҳасан ибни Исҳоқ ибни Шарафмоҳ Фирдавсии Тӯсӣ бо номи Висгард ва ё Висагард ёд шудааст, ки аз кӯҳандиёр будану макони ободон мансуб гардидани ин қаламрав шаҳодат медиҳад. Муаллим нақлу ривоятҳоро оид ба  Қалъаи сангин аз китобҳои қадимаи таърихӣ, ки то ба замони мо расида ва   аз забонҳо ҷамъоварӣ намудааст.
Абдуғаффор Сафаралиев  воқеан ҳам хазинадори таърихи диёр ба  ҳисоб меравад. Ӯ давоми собиқаи панҷоҳсолаи муаллимӣ  бо заҳмату кӯшишҳои зиёд ва  ҳамдастии шогирдонаш дар мактаб   осорхонаро кушода, ба маърази тамошои   хонандагону меҳмонон гузоштааст, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад.
Давраи наврасӣ ману  Абдуғаффор Сафаралиев ба  Қалъаи сангин, ки дар шафати мактаб ҷойгир асту ҳоло ба оромгоҳи  деҳаҳои гирду атроф табдил ёфтааст,  бисёр  мерафтем. Аз ин ҷо  кӯзаю шишапораҳо ва тангаҳои мисин, ки ҳангоми кандани гӯрҳо пайдо мешуданд, диққати Абдуғаффорро ҷалб мекарду онҳоро гирд меовард.   «-Муаллими таърих мешавам, ин бозёфтҳо лозим мешаванд», -мегуфт  он замон ӯ.
Абдуғаффор баъди хатми синфи 10 дар мактаб роҳбари дастаи худфаъолиятии ҳаваскорони санъатро ба уҳда гирифт. Ҳамзамон  барои амалӣ гаштани орзуи деринааш ба  Институти педагогии шаҳри Душанбе  дохил шуда, шуъбаи ғоибонаи  факултаи таърихро хатм кард.  Овози форам, ки дошт, тӯю маъракаҳои деҳаро гарм мегирифт.  Туйҳои  деҳа бе иштироки ӯ намегузаштанд. Шогирдаш, овозхони дастаи ҳунарии «Дарё» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаррама Шарифова, ки фарзанди деҳаи Ҷонварсӯз аст, комёбию муваффақияти дар ҷодаи овозхонӣ ба даст овардаашро аз файзи Абдуғаффор Сафаралиев медонад, ки он солҳо муаллими мусиқии мактаб буд.
Солҳои баъдӣ Абдуғаффор Сафаралиев ҳамчун муаллими   фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби номбурда,   паи орзуи деринааш , яъне ташкили осорхонаи мактабӣ гашт.  Дар ин кор шогирдонаш ба ӯ кӯмак расониданд. Дар  андак муддат осорхона аз бозёфти муаллиму шогирдон бой гашт.
Муаллим Абдуғаффор Сафаралиев давоми фаъолияти тӯлонии  кораш садҳо шогирдонро тарбия намудааст. Чанде аз онҳо имрӯз   касби пуршарафи муаллимиро пешаи худ қорор дода, айни ҳол  дар бари устоди хеш фаъолият доранду    аз маслиҳату таҷрибаи ӯ баҳра мебаранд.
-Абдуғаффор муаллими муаллимон аст,- мегӯяд сарвари мактаб Абдуҷаббор Сайриддинов ва илова менамояд, ки маҳз бо ҳидояту кӯмаки ӯ аксари   шогирдонаш   сазовори номи баланди муаллимӣ гаштанд. Чӣ мушкилоте пеш ояд, бо маслиҳату кордонии муаллим ҳалли худро меёбад. Пайваста ӯ дар омӯзиш аст, дарсҳояшро ба аёният мегузаронад. Фахри мактаби мост…
Воқеан ҳам, имрӯз Абдуғаффор  Сафаралиев   бо ифтихор номи чанде аз шогирдонаш, аз ҷумла  Нодир Қурбонов, номзади илмҳои филологӣ, муовини ректори Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон, Ҳавасмоҳ Соҳибназарова, муаллимаи донишгоҳи забонҳо, Шоира Давлатбекова муаллимаи донишгоҳи техникӣ ба номи Осимӣ, ки имрӯз унвонҷӯию олим шуданианд, ба забон мегирад. Инчунин соле нест, ки   шогирдони    муаллим дар озмунҳои ноҳиявӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нагарданд  Ҷунайдулло Каримов, Кароматулло Абдуллоев, Аҳлиддин Солиҳов, Наргис Мӯминова ва чанде дигарон аз қабили шогирдони устоданд, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни таърих ва ҳуқуқ сазовори медалҳои тилло ва нуқра гаштаанд.

Тилло Соҳибназаров,
хабарнигори «Набзи Файзобод»