Вт12102019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

РУШДИ ҶОМЕА АЗ КОРИ БОСАМАРИ МО ВОБАСТА АСТ

МУСОҲИБА БО МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ ФАЙЗУЛЛО НАҶМИДДИНОВ

-Чун мо дар арафаи соли таҳсили 2015 – 2016 қарор дорем, мехоҳам  бо истифода аз фурсати  муносиб  Шумо ва ҳамаи кормандони соҳаи маорифро  бо оғози соли нави таҳсил, ки бо рӯзи Дониш ва оғози дарси Сулҳ шурӯъ меёбад, самимона муборакбод намоям.  
-Ташаккур.
-Рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон дар маркази диққати ҳамешагии давлату ҳукумати кишвар ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор дорад, аҳли маориф ин ғамхориҳоро чӣ гуна эҳсос мекунанд?
 -Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23 январи соли 2015 ироа гардид, муҳимияти дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорро таъкид намуда, қайд карданд: «Бори дигар хотирнишон месозам, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».
Аҳли маорифи ноҳияи мо низ   ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона кору фаъолият намуда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи хонандагон ба  комёбиҳо ноил мегарданд.
Бояд бигӯям, ки  маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол то сол зиёд гардида, дастгирии моддии омӯзгорон такмил меёбад.
Соли 2015 соҳаи маорифи ноҳия ба андозаи 21 млн 748 ҳазору 235 сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки ин нисбат ба соли 2014  15,5фоиз зиёд буда, далели гуфтаҳои боло мебошад.
 -Вазъи муассисаҳои томактабиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед.  
-Муассисаҳои томактабӣ дар таълиму тарбия ва омода намудани кӯдакон ба муассисаҳои таълимӣ нақши калон мебозад.  Бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ баланд бардошта шуда, ба шароити нави иқтисодиву иҷтимоӣ мувофиқ кунонида шавад.
Айни замон дар ноҳия 2 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, дар онҳо 339 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
 Бо мақсади таъмини «Барномаи ноҳиявии рушди соҳаи томактабӣ», аз ҳисоби таъмиру тармими биноҳои мавҷуда дар назди ширхоргоҳ – кӯдакистони №5 ду гурӯҳи иловагӣ ташкил карда шуда, то охири сол боз чор гурӯҳи дигар ташкил карда мешавад. Дар назар аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ширхоргоҳ – кӯдакистони №4 низ гурӯҳҳои нав ташкил карда шаванд. Ҳамчунин дар назди 11 муассисаҳои таълимӣ  марказҳои «Рушди кӯдак» ташкил гардидааст, ки чанде пеш аз ҷониби Вазорати маориф ва илми  ҷумҳурӣ барои маркази муассисаи таҳсилоти умумии рақами 2 ба маблағи 3 ҳазор доллари амрико  кӯмак расонида мешавад.
- Рафти амалишавии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020» дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар кадом сатҳ қарор дорад?
 -Дар соли сипаришудаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №427 оид ба амалишавии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020», корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзонидани забони русӣ 91 нафар ва ба омӯзонидани забони англисӣ 70 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.
Вобаста ба талаботи замон таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши ин фанҳо ва самаранокии машғулиятҳо зиёд мегардад. Дар ин радиф ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ зарур аст, ки нисбат ба кори омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ серталабӣ зоҳир намоянд.
-Дар соли хониши нав мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардидаанд?
-Бале, пурра намудани сафи омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои соҳибихтисос дар маркази диққати шуъбаи маорифи ноҳия қарор дошта, то имрӯз зиёда аз 100 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шуданд, ки аз онҳо 22 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд.
Мувофиқи тақсимоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол бояд ба ноҳия 38 нафар мутахассисони ҷавон ба кор меомаданд. Чӣ тавре, ки қайд гардид то имрӯз аз ин шумораи 22 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардиданд, нисбати 16 нафар мутахассиси ҷавони боқимонда чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
-Чи тавре огоҳӣ дорем, шумо чанд моҳест, ки ба сифати мудири шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият доред, оянда  чӣ нақшаҳоеро дар шуъба амалӣ карданӣ ҳастед?
-Мехоҳам пеш аз ҳама сомонаи расмии шуъбаро омода созем. Китобхона ва кабинети методии  электрониро ташкил намуда, баргузории  машваратҳои фосилавиро  аз тариқи скайп ва провайдер ба роҳ монем. Зеро ояндаи ҷомеа аз кори босамари имрӯзаи мо ва шогирдони  босаводу худогоҳ вобаста аст.
- Дар хотимаи суҳбат  барои амалӣ сохтани ин ниятҳо ба шумо барор мехоҳем.