Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ДАСТОВАРДҲОИ АҲЛИ МАОРИФ ЧАШМРАС АСТ

Шӯъбаи маорифи ноҳия барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар соли хониши 2013 – 2014 фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи роҳбарияти сиёсии давлат тамоми имконот ва нерӯи худро дар роҳи таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ бо арзишҳои милливу умумибашарӣ, сарф намуданд.
Инчунин, таъкидҳои Президенти кишвар дар мавриди таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ ва бо донишҳои муосир мусаллаҳ намудани онҳо мо, кормандони соҳаи маорифро вазифадор менамояд, ки боз ҳам дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ бештар ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлатро таъмин созем.
Аҳли маорифчиёни ноҳия аз ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мактабу маориф, ба масъалаи рушди маънавии насли наврас бо тарбияи хубу соҳибмаърифатшавии ҷавонон, миннатдору рӯҳбаланд гашта кушиш менамоянд, ки сазовори боварии аҳли ҷомеа гарданд.
Дар соли 2014 барои соҳаи маориф аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 19887567 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2013 - 4512267 сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 29,3 фоизро  ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар ноҳия 3 адад муассисаҳои таълимии томактабӣ фаъолият менамояд, ки  онҳо – 348 нафар кӯдакро ба оғуш гирифтааст. Дар деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев бори аввал дар ноҳия   Каримова Шоира муассисаи таълимии томактабии хусусӣ ташкил кард, ки айни ҳол  18 нафар кӯдакон дар он   фаро гирифта шудаанд.
Эҳтиёҷот оид ба қабул гардидан ба кӯдакистонҳо сол то сол зиёд шуда истодаанд. Ҳамчунин дар муассисаҳои таълимии томактабӣ эҳтиёҷот бо кадрҳои соҳибихтисос эҳсос карда мешавад. Имрӯз аз  шумораи 21 нафар мураббияҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, 2 нафарашон дорои таҳсилоти олии касбӣ буда 7 нафарашон ғоибона таҳсил мекунанд, боқї 12 нафар мураббиён новобаста аз он ки солҳои тулонӣ дар кӯдакистон кор мекунанд мутахассисони ғайриихтисос мебошанд.
Шӯъбаи маориф ислоҳоти соҳаро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо, ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 04 2009 № 206», «Дар бораи стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2007 № 171», «Дар бораи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, амалӣ карда истодаанд.
Шӯъбаи маорифи ноҳия дар соли ҷорӣ фаъолияти худро мақсаднок ташкил намуда ба он муваффақ гардид, ки ҳамаи 58 муассисаи таълимӣ, Гимназия ва ду муассисаи таълимии томактабӣ, МЭКН мунтазам фаъолият намоянд.
Базаи кадрии маорифи ноҳия аслан аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, бахусус аз ҳисоби онҳое,  ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуданд пурра мегардад. Имсол  9 нафар донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои олии касбии омӯзгориро хатм намуда, ба кори пуршарафи омӯзгорӣ оғоз менамоянд.
Бояд хотирнишон намоям,ки дар охири соли хониши гузашта дар муассисаҳои таълимии ноҳия танҳо 2 нафар омӯзгор намерасид.
Барои рушди  зинаи таҳсилот санадҳои зиёде қабул гардида дастраси аҳли маориф, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа гардидааст.
Санадҳои нав қабул гардида, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2015», «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои соли 2004 - 2014» ва ғайра дар такмили соҳаи маориф нақши муҳим гузоштанд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 735 адад дастгоҳҳои компютерӣ, 165 адад дастгоҳи чопкунӣ, 51 адад генераторҳо истифода мешаванд, ки ба 13 нафар хонандагони синфи 7 – 11 1 адад дастгоҳи компютерӣ рост меояд. Аз шумораи умумии компютерҳои дар муассисаҳои таълимии ноҳия мавҷудбуда зиёда аз 165 адади онҳо корношоям ё солҳои пешин истеҳсол шудаанд, ки ба барномаҳои таълимӣ мутобиқат намекунад.  Дар иҷрои талаботҳои барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия норасогиҳо ва камбудиҳои назаррас мушоҳида мешаванд. Синфхонаҳои таълими компютерии муассисаҳои таълимӣ бо 236 адад мизу курсиҳои махсусгардонидашуда барои дастгоҳи компютерӣ таъмин мебошанд, ки ин басанда нест. Пайвастшавии муассисаҳои таълимӣ бо шабакаи «Интернет», ташкили китобхонаҳои электронӣ, почтаҳои электронӣ дар муассисаҳои таълимӣ суст амалӣ мегарданд. То имрӯз танҳо муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 7, 22, 40, Гимназия ба шабакаи «Интернет» пайваст шудаанду  халос.
Санҷишҳо нишон доданд, ки нарасидани маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ ва маблағгузорӣ нашудан аз манбаҳои дигар, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010 №223 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъминшавии муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо» мушкилӣ пеш овардааст.
Дар солҳои 2012 – 2013 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳамагӣ 40 адад кабинетҳои фаннӣ ташкил карда шуданд, ки аксарияти онҳо ба муассисаи таълимии навтаъсиси №59 ва муассисаи таълимии №1 рост меоянд. Дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия аз сабаби нарасидани маблағ, кабинетҳои таълимӣ ташкил карда нашудаанд.
Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ» соли хониши гузашта ба муассисаҳои таълимии ноҳия 28685 адад китобҳои таълимӣ, аз ҷумла 9321 адад китобҳо барои синфҳои ибтидоӣ ворид гардид, ки пурра ба муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шуданд. Бояд гуфт, ки ин миқдор китоб ба сари хонандагони муассисаҳои таълимӣ басанда нест.   
Пешгирии ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ дар миёни кӯдакону наврасон барои муассисаҳои маорифи ноҳия масъалаи асосӣ боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ҳамкориҳои муассисањо таълимӣ бо маќомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидайн теъдоди ҳуқуқвайронкунандагон кам нашудааст, айни ҳол        хонандагони муассисаҳои таълимии №1, 6, гимназия, 9, 7, 4 дар қайди комиссияи кор бо ноболиғони шӯъбаи корҳои дохилӣ мебошанд. Маъмурияти муассисаҳои таълимии зикргардидаро зарур аст, ки бо ин хонандагон корҳои тарбиявиро беҳтар намуда бо волидайни онҳо алоқаи устувор барқарор намоянд.
 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳия дар соли хониши 2013 – 2014  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ рақамҳои 12, 48, 51, муассисаи таҳсилоти умумии асосии №13 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 6, 7, 8, 9, 10, 14, 31, 46- ро  аз аттестатсия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 6, 7, 8, 54-ро  аз аккредитатсияи давлатӣ гузарониданд. Муассисаҳои таълимӣ барои пешбурди таълим,иҷозатнома (литсензия) ва ҳуқуқи додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ аттестат гирифтанд.
Дар баробари ин дар муассисаҳои таълимии ноҳия санҷишҳои сифати таҳсилот гузаронида шуданд, ки натиҷаи таҳлили онҳо ба ҳисоби миёна 3,5 балро ташкил менамояд.
Тибқи Низомномаи олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 39 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва Гимназия олимпиадаи фаннии хонандагон гузаронида шуд, ки дар он 6700 нафар хонандагон иштирок намуда, 953 нафарашон  ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷамъбасти натиҷаи олимпиадаи минтақавӣ аз 11 фанни таълимӣ нишон дод, ки 235 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 – юм гаштанд ва дар даври ноҳиявӣ иштирок карданд.
 Ғолибон дар даври минтақавӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва  хонандагони синфи 11 бошад  дар ноҳияи Рӯдакӣ ширкат доштанд. Шаш нафар хатмкунандагон ба даври ҷумҳуриявии олимпиада роҳхат гирифтанд. Хонандаи синфи 11 Бобоева Раҷабгул (муассисаи таълимии рақами 11) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра, (омӯзгораш Холов Пирмаҳмад), Қосимов Хусрав хонандаи синфи 11 аз муассисаи таълимии рақами 19 аз фанни ҳуқуқ дар олимпиадаи номӣ сазовори ҷои сеюм ва  медали биринҷӣ (омӯзгораш Аминов Сафаралӣ), Боронов Собир хонандаи синфи 11 аз муассисаи таълимии рақами 40 дар олимпиадаи номӣ аз фанни математика ҷои сеюм (омӯзгораш Ҳикматуллоев Абдуқаюм), Қурбонзода Гулнора хонандаи синфи 11 аз муассисаи таълимии рақами 7 дар олимпиадаи даставӣ сазовори ҷои якум ва медали тилло (омӯзгораш Табаров Сафаралӣ)  ноил гаштанд.
Яке аз омилҳои асосии беҳтаршавии корҳои таълимӣ аз ташкили дурусти таълими иловагӣ вобастагӣ дорад. Дар ноҳия муассисаи таҳсилоти иловагӣ Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон фаъолият менамояд. Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон 21 маҳфил дар 101 гурӯҳ амал менамояд, ки дар ин маҳфилҳо 808 нафар хонандагон ҷалб карда шуданд.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатм бо муввафақият тибқи фармоиши Вазири маориф ва илм, мудири шӯъбаи маориф ва дастурамал бо муаввафақият гузаронида шуданд.
Дар рафти аттестатсия муайян гашт, ки дараҷаи дониши хонандагон аз фанни математика, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, таърих ва ҳуқуқ ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Панҷову панҷ фоизи  хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо баҳои миёна  аттестасияҳоро ҷамъбаст намуданд.
Асоси таҳкурсии донишазхудкунии  хонандагонро зинаи аввали таҳсилот ташкил медиҳад. Дар соли хониши сипаришуда дар 57 муассисаи таълимӣ ва як Гимназия 321 омӯзгорон ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс гуфтанд. Хуб мешуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони зинаи якуми таҳсилоти соҳибкасб таъмин мегаштанд, чунки аз ҳисоби омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ – 104 нафарашон бо ихтисоси ғайрикасбӣ ва 10 нафарашон бо ихтисоси ғайрипедагогӣ кор мекунанд.
Баҳри амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои муайяне дар соҳаи маорифи ноҳия ба сомон расонида шудааст. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 51 адад майдончаҳои волейбол, 33 адад майдончаҳои баскетбол, 40 адад майдончаҳои футбол, 17 адад толори варзишӣ мавҷуданд.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 8, 9, 19, 33, 59 толорҳои варзишии ҷавобгӯ ба талаботҳои рӯз сохта шудааст.
Шӯъбаи маориф баҳри амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4. 03. 2003, таҳти №1047 ва қарори Раиси ноҳия аз 25. 12. 2003, таҳти №361 оид ба амалишавии «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 - 2014» як қатор корҳо ба анҷом расидааст.  Зеро сол то сол таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанни забони русӣ ва хориҷӣ зиёд шуда истодааст.
Тибқи талаботҳои барнома дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 2, 7, 40, 54, 59 аз фанни забони русӣ ва дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 2, 7, 40, 54, 59 кабинетҳои муҷаҳҳазонидашуда  аз фанни забони англисӣ ташкил гардидааст.
Сол то сол ба таълими омодагии дифоии ҳарбӣ омӯзгорони соҳибихтисос дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб мегарданду  кабинетҳои ҷиҳозонидашудаи таълимӣ ташкил мешавад. Муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 5, 7, 20, 54 ТИР доранд, вале ҳамаи онҳо таъмирталаб мебошанд.
Тибқи талаботҳои нақшаи таълимӣ ҳар як муассисаи таълимӣ вобаста ба шароит ба омӯзиши равиявӣ диққати зарурӣ бояд диҳад. Аммо имрӯз танҳо  дар муассисаи таълимии Гимназияи Файзобод ва муассисаи таълимии рақами 2 дар синфҳои 10 равияҳои табии риёзӣ ва ҷамъияти гуманитарӣ ташкил шудааст.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоии кормандон, пардохти музди меҳнат ва дигар иловапулиҳое, ки ба кормандони соҳа муайян гардидааст, доимо дар мадди назари масъулини шуъба ва кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳа  меистад. Аз соли 2007 сар карда музди маош бо дигар иловапулиҳо ҳар моҳ саривақт ба омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф  пурра пардохт  шуда истодааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф солҳои 2008-2014 ба зиёда аз 46 нафар аъзоёни иттифоқи касабаи соҳа барои сохтмони манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда истодааст.  
Истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон ва кормандони соҳаи маориф  дар мадди аввал меистад, зеро соҳибмаърифат шудану пешрафти кишвар  ба насли солим вобаста аст. Соли ҷорӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2014» корҳои зиёд ба сомон расонида шуд.
Дар назди 60 муассисаҳои таълимии маориф барои 2250 нафар кӯдакону наврасон, лагерҳо ва майдончаҳои солимгардонии рӯзона ташкил карда шуда, ҳамаи онҳо бо дастури методӣ таъмин буданд. Дар  истироҳатгоҳи беруназшаҳрии  «Дурахшон» бошад, дар ду баст барои 208 нафар кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат ва 22 нафар кӯдакони ятиму бепарастор истироҳати бофароғат доштанд.
Соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмири муассисаҳои таълимӣ 757290 сомонӣҷудо карда шудааст.  Бо дастгирии  волидайни муассисаҳои таълимӣ қисмати дохилии биноҳои таълимӣ, кабинетҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд. Ин нишон медиҳад, ки фаъолияти АВО нисбат ба солҳои гузашта хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Таъмир дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия ба анҷом расидааст ё дар арафаи анҷомёбист. Айни ҳол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Фатҳобод ҷамоати деҳоти «Мискинобод», деҳаи Қошқарии ҷамоати деҳоти Вашгирд, деҳаи Офтобрӯя ҷамоати деҳоти  Бӯстон, деҳаи Бинисумҷ ҷамоати деҳоти Чашмасор ва деҳаи Кенҷобод ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаи таълимии нав сохта шуда истодааст.
Ҳамкории шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ бо кормандони  ШВКД, прокуратура, хадамоти давлатии оташнишонӣ, маркази санитарӣ-беҳдоштӣ, марказҳои саломатӣ, шуғли аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳамкории органҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар сатҳи баланд қарор дорад. Тибқи фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтае як рӯз дар муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ бо кормандони ШВКД  баргузор мешавад. Дар  ин рӯз аз тарафи намояндагони ҳифзи ҳуқуқ рафти талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд», рафти амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», талаботҳои Консепсияи миллии тарбия, оид ба иштироки хонандагон ба машғулиятҳои таълимӣ, сару либос ва интизоми хонандагон, мунтазам суҳбатҳо гузаронида мешавад, ки ба пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон таъсири мусбӣ мерасонад.
Дар оғозу анҷоми ҳама ташабуссҳои наҷиб дар пешравии кори маорифи ноҳия, саҳми раиси ноҳия  муҳтарам  Каримиён  Имомназар хеле калон аст. Аҳли маорифчиёни ноҳия аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бобати беҳбуд бахшидани вазъи зиндагии омӯзгорон рӯҳу илҳом гирифта, дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат дар мулоқотҳо бо кормандони соҳаи маориф намояндагони занон ва зиёиёни мамлакат, Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона меҳнат менамоянд. Баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон ва ҳувияти миллӣ, дар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбия намудани насли наврас пайваста кушиш намуда, вазифаҳои дар назди соҳа гузошта шударо сарбаландона иҷро менамоянд.