Вт10202020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ҶАШНИ АРТИШ ДАР МАКТАБИ 35

Бистуҳафтумин солгарди Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар саросари ноҳия ид карданд. Ба ин хотир ҷамъомадҳои тантанвӣ баргузор гардад. Вале ҷамъомаде, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 гузашт, гуфтан мумкин, хосса буд: хонандагон дар толори маҷлис ҷамъ омаданд. Омӯзгори фанни тайёрии ҳарбӣ Ҳотам Саидов аз омодагӣ ба тантанаи идона ба роҳбари муассиса Баҳриддин Холиқов хабар (рапорт) дод. Ҳама аҳли толор Суруди миллӣ сароиданд. Ҷараёни ҷамъомад ба ихтиёри хонандаҳо супурда шуд. Толибилмон Ватани азиз, Артиши миллиро васф намуда, садоқати худро ба Тоҷикистони маҳбуб тавассути шеър изҳор доштанд. Саҳнаҳои хеле ҷолиб дар либоси бадеӣ ва ҳаҷвӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Гурӯҳи ҳаваскорони санъати таълимгоҳ барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд: сароиданд, рақс карданд, латифа гуфтанд.

Дар охири ҷамъомади бошукуҳ директори мактаб ба чанде аз омӯзгорони варзида ва хонандагони фаъол туҳфаҳо тақдим карда, зери қарсҳои самими ҳозирин омӯзгор Ҳотам Саидовро ба муносибати ба нафақаи пиронсолӣ рафтанаш ҷомапӯшону тоқибасар намуданд.

                                                                               М. Марофеъ.