Пт08232019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ТАЪЛИМ – ВАЗИФАИ МУҲИМ

Мо медонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, ва умуман инсон, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, ҳамчунин кафили риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.


Президент дар доираи салоҳияти муқарраркардаи Конститутсия ҳар сол оид ба вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад. Маълумоти ҳарсолаи Президент маъмулан Паём унвон гирифта, сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро инъикос менамояд. Паёми Президентро сокинони мамлакат ҳамчун дастури барномавӣ қабул намуда, аз рӯи он амал мекунанд. Агар аҳамият дода бошем, Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои фаъолияти соҳаҳои амалкунандаи кишварро таҳлил намуда, вобаста ба рушду тараққии минбаъдаи онҳо вазифаҳо нав мегузорад.

Омӯзгорон нағз медонанд, ки қисмати Паёми Президент ба рушду инкишофи маориф бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки «таҳким бахшидани иқтидори илми кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои истеҳсолот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои техникӣ вазифаи муҳимтарини илму моариф мебошад».

Аз пешниҳоди Паёми роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ним сол зиёдтар гузашт. Маорифчиёни ноҳияи Файзобод омӯзиши Паёмро қатъ накарда бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз роҳу усулҳои фаъол ва санҷидашуда истифода мебаранд. Натиҷаҳои мусбати ин корро дар мисоли муассисаи таълимии худ мебинем.

Чунин нуктаи Паёми Президент: – «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем» - мо, омӯзгоронро рӯҳбаланд мегардонад ва барои баланд бардоштани донишу малакаи касбии худ ба мақсади васеъ гардонидани ҷаҳонбинии толибилмон кӯшиши бештар ба харҷ медиҳем.

Фархунда МӮМИНОВА, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи ММТУ №35, ноҳияи Файзобод.