Пн09162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

НОРАСОИИ КАДРҲОИ ОМӮЗГОРӢ ҲАЛ МЕШАВАД

«Вазорати маориф ва илм якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар сохтору мақомоти дахлдор то соли 2020 масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгориро пурра ҳаллу фасл намояд…

Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем… ».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Бахши ғоибонаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С. Айнӣ, ки дар ноҳияи мо бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маорифи ноҳия, соли сеюм аст созмон дода шуда, амал менамояд. Бо мақсади аз наздик ошно гардидан бо самти фаъолияти ин бахши муҳими илму маърифат хабарнигори «НФ» Ҳукматуллои Бузург суҳбате доир намуд бо сардори муассисаи мазкур дар ноҳия, устод Ҳасан Ҷӯраев.

- Устод, аввалан миннатдории сокинони ноҳияро барои ташкил намудани чунин як бахши муҳиму зарурӣ дар ноҳия изҳор менамоем ва баъдан бигӯед, ки дар кори таъсиси он чӣ мушкилиҳое дар пеш буданд ва то куҷо ҳалли худро ёфтанд?

- Ташаккур. Ростӣ, аз соли 2016 ба ин тараф аллакай мо дар ҳашт ноҳияи кишварамон бахшҳои ғоибонаро таъсис додаем. Дар ноҳияи Файзобод низ соли 2016 панҷ гурӯҳ аз рӯйи се ихтисоси таълимӣ таъсис додем. Соли 2017 бошад се гурӯҳ донишҷӯёнро аз рӯйи се ихтисос қабул намудем. Ҳақиқат он аст, ки дар се соли фаъолияти кориамон дар ин бахшҳо ба мушкилиҳо мувоҷеҳ нагардидаем. Сабаб он аст, ки моро, бахусус дар ноҳияи Файзобод мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия болотар аз қадри зарурӣ дастгирию кӯмаки ҳаматарафа менамоянд. Хусусан иқдомҳои мудири шуъбаи маориф мавриди зикр аст. Ҳам дар масъалаи ташкилу қабули довталабон, ҳам дар масъалаи таъмини ҷойи таълиму тадрис ёрии амалии худро пайваста мерасонанд.

-Ба андешаи шумо таъсиси чунин бахшҳо дар ноҳияҳои кишвар чӣ аҳамият доранд ва оё ба раванди таълиму тарбия таъсир мерасонанд?

-Бале, таъсири бевосита мерасонанд.

Ба андешаи ман ҳамчун омӯзгори ҳамин муассиса ташкили бахшҳои коллеҷ дар ноҳияҳои дуру наздик аз чанд ҷониб дорои аҳамияти калон аст. Пеш аз ҳама аз лиҳози иқтисодӣ. Барои хатмкунандагоне, ки аз деҳоти аз марказ дур зиндагӣ мекунанд ва мақсади идомаи таҳсилро доранд, мушкилоти рафту омад ва ҷойи хоб дар маркази кишвар хеле зиёд аст. Аз ин хотир баъзан хатмкунандагони макотиби миёна, ки мактабро хубу аъло хатм кардаанду имконияти хуби молиявӣ надоранд, аз идомаи таҳсил даст мекашанд. Таъсиси бахши мазкур ин мушкилоти онҳоро осон мегардонад. Дигар ин ки мушоҳида ва натиҷаи се соли ташкили бахшҳои номбурда нишон дод, ки довталабон ва донишҷӯёни ин бахшҳо нисбат ба довталабону донишҷӯёни коллеҷи марказӣ фаҳмишу дониши беҳтар доранд. Аз ин рӯ таъсиси бахшҳои коллеҷи мо дар навоҳиҳои кишвар амри саривақтию зарурист.

-Устод, чи тавре дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ҳам ин масъала ишора гардид, яке аз мушкилоти чанд соли охир дар соҳаи маорифи кишвар ин норасоии кадрҳои омӯзгорӣ мебошад. Оё ҳалли ин мушкилот дар муассисаи таълимии шумо ва бахшҳои дар ноҳияҳо будаи он ба назар мерасанд?

- Дуруст қайд намудед, ки чунин як мушкилӣ дар соҳаи маорифи кишвар ҳоло ҳам ҷой дорад. Аммо хушбахтона дар муассисаи таълимии мо ин масъала ҳалли худро ёфтааст. Имрӯз ҳам дар коллеҷи марказӣ ва ҳам дар бахшҳои ноҳиявии он омӯзгорони собиқадору ботаҷриба, номзадҳои илм ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул ҳастанд. Муҳимтар аз ҳама худи омӯзгорони мо аз сатҳу сифати дониши донишҷӯёни ин бахшҳо қаноатманданд.

-Дар бораи нақшаҳои ояндаатон дар ин самт ба хотири болоравии сатҳ ва сифати таълим…

-Нақшаҳо дар оянда зиёданд. Пеш аз ҳама тасмим дорем, ки раванди ба вуҷудомадаро идома дода, сатҳу сифати ҳам ташкил ва ҳам таълимро боз ҳам боло бардорем. Дигар ин ки бо назардошти эътибор ва таваҷҷуҳи бевосита доштани мардум ба таъсиси ин бахшҳо дар ноҳияҳо шумораи онро дар дигар ноҳияҳои кишвар ҳам ба роҳ монданием. Ҳамчунин дар назар аст, ки бахшҳои ҳамешагии Коллеҷи омӯзгорӣ дар ноҳияҳо кушода шаванд. Бигзор дар онҳо таълим ҳам дар шакли рӯзона ва ҳам дар шакли ғоибона ба роҳ монда шавад. Хоҳ ба таври хусусӣ, хоҳ ба таври давлатӣ ташкили чунин бахшҳои доимиро дар ноҳияҳо амри зарурӣ меҳисобам.

-Ташаккури зиёд устод, барои чунин як суҳбати самимӣ.