Вт11192019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

БОНУИ МУСАВВИР

Умеда, ин духтараки гармчеҳраи резапайкарро аввалин бор ҳамроҳи падараш, омӯзгори соҳибтаҷриба, инсони шеърдӯсту фарҳангӣ Ғуломалӣ Саидов дида будем. Муаллим, ки тез-тез бо тозатарин шеърҳои эҷодкардааш меҳмони нашрияи мо мешавад, боре Умедаро ба мо шиносонида: «духтари ман Умеда рассом аст.

То қадри имкон дастгириаш намоед», хоҳиш намуда буд падар аз мо. Фаҳмидем, ки Умеда коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимовро тамом карда корро нав дар муассисаи давлатии мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев оғоз намуда будааст. Он вақт мехостем дар бораи ҳунари рассомии ӯ, ки ангуштшумор духтарон ба ин ҳунар шуғл доранд, чизе нависем. Ва баъди гузашти қариб 8 сол имрӯз он ният даст дод, ки бо кору фаъолияти Умедаи мусаввир, ки аллакай бо шогирдону офаридаҳояш чи дар ноҳия ва чи берун аз он борҳо сазовори таҳсину офарин ва қадрдониҳои зиёде гардидааст, сатрҳои поёниро рӯи қоғаз биёварем.

Умеда хатмкардаи муассиса таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 мебошад. Падарашро ӯ устоди аввалини худ дар интихоби касбаш мегӯяд. Солҳои мактабиаш падар ҳангоми омодагӣ ба дарсҳои шогирдон барои халал нарасонидан ба ӯ, ба Умедаи кунҷкоб, ки гирдаш парвонавор мегашт, варақу қалам медод, ки ба навиштану кашидани расме машғул шавад. Рӯи варақи сафеди ӯ аввало хатчаҳо, ҳарфҳо ва расмҳои ҳархела пайдо мешуд. Падар ба ҳар як ҳарфу ҳиҷо ва расмҳои кашидаи ӯ зеҳ монда эҳсос мекард, ки Умедаи хурдсол қобилияти хуби рассомӣ дорад. Ба духтараш таъкид мекард, ки ҳунари рассомӣ чун шоириву навозандагӣ истеъдоди азалист. Барои сайқал додани он бештар хондану омӯхтан даркор. Кӯшишҳои падар ва шавқу рағбати Умеда ба ҳунари рассомӣ буд, ки ӯ ҳангоми дар синфи ҳафтум хонданаш, дар озмуни рассомони навраси ноҳияи иштирок намуда, бо кашидани сурати чанд қаҳрамонҳои асари безаволи Фирдавсӣҷойи якумро гирифт. Солҳои мактабхонӣ тамоми навиштаҷот ва расмҳои газетаҳои мактабӣ, синфӣ, гӯшаҳо, ҷашнҳои Наврӯзу Артиши Миллӣ ва ғайраҳо маҳсули тахаюлоти рангини ӯ буд. Солҳои донишҷӯӣ дар коллеҷи рассомӣ офаридаҳояш дар озмуну чорабиниҳо баҳои баланд мегирифтанд. Воқеан, устодонаш рассомони халқии Тоҷикистон Ахмед Юсуфов ва Далер Миҳтоҷов дар таълиму тарбия ва сайқали ҳунари рассомиаш ҳиссаи калон доранд. Имрӯз расмҳои кашидааш портрети Дӯстмурод Алиев дар осорхона, манзараи даромадгоҳи ноҳия «Шаҳраки Файзобод», «Модару кӯдак» дар шуъбаи бачагонаи беморхонаи марказӣ ва даҳҳо дигар мусаввараҳояш дар синфхонаи «Санъати тасвирӣ» таваҷҷуҳи зиёди ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Дар давоми 9 соли фаъолият дар Муассисаи давлатии мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев даҳҳо шогирдонро ҳунари рассомӣ ёд додааст, ки онҳо аз муаллимаи азизашон сипосгузоранд. Шогирдонаш Қумринисо Мирзоева дар коллеҷи муҳандисӣ ва омӯзгорӣ дар факултети «Дизайнерӣ», Саидабону Мирзозода дар факултети «Наққошӣ», Сайёра Назришоҳзода дар факултети «Санъати тасвирӣ», Силсилабону Саидова дар факултети «Санъатшиносӣ»-и Донишкадаи Санъати тасвирӣ ва дизайни шаҳри Душанбе бо муваффақият таҳсил карда истодаанд. Шогирдаш Абдулваҳоб Раҳимов дар фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии Ваҳдати мллӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сазовори ҷоизаи «Расми зеботарин» гардид.

Умеда бо як зумра адибон низ ҳамкорӣ дошта, дар ороиши расмҳои китобҳояшон  саҳм дошта, дар китобҳои нашршудаи ин адибон номаш ҳамчун рассом дарҷ ёфтааст. Шоири маъруфи тоҷик Хайрандеш ба ҳунари худододи рассомии ӯ дуои нек дода, китоби Куллиёташро ба ӯ ҳадя намудааст.

Ман, мегӯяд Умеда Саидова аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, махсусан аз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ хеле миннаторам, ки баъди ба он кас ҳадя намудани як офаридаам, ки манзари «Шаҳраки Файзобод» ном дошт, ба ҳунари ман таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бо супориши раис дар маркази Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати хонаи фарҳанг калиди синфхонаи нави «Рассомӣ», ки он филиали муассисаи давлатии мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев мебошад, ба ман супорида, барори кор орзу намуданд. Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки солҳо ман бо аҳли оилаам иҷронишин будам, қитъаи замин барои сохтани манзили истиқоматӣҷудо намуданд. Шукрона мекунам, ки бо ҳамсари қадршиносам Илҳомҷон ва ду нафар ҷигарбандам Бибимаряму Исломиддин бо шарофати ин дастгириҳо як рӯзгори ободу осоишта ва ширин дорем. Дар ҳақиқат  «ҳунар чу мушк бувад, мушк кай ниҳон бувад». Он чи дар кору зиндагӣ ба он мушарраф шудаам, аз ҳунару ҳунармандиам мебошад.

Оре, ҳунар чашмаи зояндааст ва давлати поянда ва агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст, ҳарҷо ки равад қадр бинад ва бар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад, - гуфтааст Саъдии бузургвор. Қадрдону бологузар аст мусаввири ҷавон Умеда Саидова.

Т.МУНАВВАРА.