Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ЗАБОНДОНӢ ҶАҲОНДОНИСТ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 омадааст: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд, ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати зарурӣ дода мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба омӯзиши забони англисӣ диққати зарурӣ дода истодааст. Қабули «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ барои солҳои 2015-2020» далели гуфтаҳои боло мебошад. Забони англисӣ дар ҳалли вазифаҳои умдаи муассиса, инкишоф ва ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад.

Сол то сол дар ноҳия сафи омӯзгорони забони англисии дорои таҳсилоти олӣ зиёд шуда истодааст. Соли таҳсили 2016-2017 80 нафар, ки 60 нафарашон дорои таҳсилоти олиянд,  ба таълими фанни забони англисӣ машғул буданд. Омӯзгорони ноҳия баҳри амалишавии барнома тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Дар ҳамаи муассисаҳои ноҳия нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст ва дар асоси он маъмурият ва омӯзгорони ин фан корҳои назаррасро ба сомон расондаанд. Таълими фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 2, 7, 22, 24, 21, 11, 33, 35, 59 хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин муассисаҳо гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ, рӯзҳои забони англисӣ хуб ташкил карда гузаронида мешавад. Махсусан кабинетҳои хубҷиҳозонидашуда дар муассисаҳои рақамҳои 1, 35, 59 ташкил карда шудааст, ки дар онҳо омӯзгорон дарсҳои худро дар дараҷаи баланд мегузаронанд.  Боварӣ аст, ки омӯзгорони фанни забони англисӣ барои амалишавии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони англисӣ барои солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро меандешанд.