Вт12102019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ҲИФЗИ ТАБИАТ - СОЛИМИИ ҶОМЕА

Кумитаи ҳифзи муҳити зист сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи муҳити зист, экология ва дар асоси қонунҳои ҶТ, дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ монда, солим нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳ шудани дараҷаи некӯаҳволиро аз ҳадафҳои афзалиятноки хеш меҳисобад. Дар заминаи ин ҳадаф чанде пеш аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи навбатии инвеститсионӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти унвонии «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба фаъолият оғоз кард.

Оид ба проблемаи ҳифзи муҳити зист Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти миллӣ бо назардошти дарки муҳимиятии масъалаҳои экологӣ якчанд қонунҳоро дар робита ба масъалаҳои афзалиятноки муҳити зист қабул намудааст. Кишвари мо ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба узвияти 8 Конвенсияи СММ оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалагузорӣ ва пешниҳодоти мушаххас дар робита ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист миёни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфӯзи баланд касб намуд. Бахусус ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Эълон гаштани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015 ҳамчун «Даҳсолаи амалиёти байналхалқии «Об-барои ҳаёт» аз ҷониби СММ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор миёни дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд. Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистонро мардуми аксар мамлакатҳо ҳамчун кишвари дорои табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, ҳавои тоза ва обҳои мусаффо мешиносанд. Ҳамин аст, ки аз се номинатсияи ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гашта, якеаш «Парки миллии Тоҷикистон» мебошад.

Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз ҷониби Маҷмааи 27-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 16 декабри соли 1972 эълон шудааст. Санаи мазкур ба ифтихори 5 июн оғоз шудани Конференсияи Стокголм оид ба проблемаҳои муҳити зист, ки ҳамон сол баргузор шуда буд, интихоб гардидааст. СММ дар барномаи худ оид ба муҳити зист ташкилоти наверо бо номи ЮНЕП (Иттиҳоди сиёсӣ-иқтисодии миллӣ) таъсис дод, ки мақсади он кӯшиши муҳофизат ва беҳтар кардани муҳити зист аст.

Тарзи дурусти истифодаи захираҳои табиӣ ва муҳофизати он қарзи имониву виҷдонии ҳар фарди бонангу ори миллат аст. Аз ин хотир аз кулли сокинони диёр даъват ба амал меорем, ки нисбат ба харобкории табиат ва ифлосшавии фазо бетараф набошанд ва солимии худу атрофиёнро бо нигоҳ доштани фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоянд. Зеро ҳифзи табиат солимии ҷомеа аст.