Пн09162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАҲДАТИ ШУКУФТАНҲО

Арафаи иди Ваҳдати миллӣ буд. Дарси навбатӣ ҳам то андозае ба ин мавзӯъ вобастагӣ дошт. Яке аз шогирдон маънои вожаи «Ваҳдат»-ро аз ман пурсон шуд. Пас аз шарҳи васеи ин калима диққати ӯ ва аҳли синфро ба нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта ва истиқрори сулҳи тоҷикон ҷалб намудам. Табиист, ки шогирдони ман дар он солҳо таваллуд нашуда буданд, шояд падару модарони бисёре аз онҳо 12-15-сола буданд. Худи ман, ки фаъолияти омӯзгориам акнун ба ёздаҳсолагӣ мерасад, дар солҳои даргириҳои кишварамон хонандаи зинаи поёнии таҳсилот будам. Ҳар чизе, ки аз он рӯзҳои талх медонем, аз саҳифаҳои китобҳои таърих ва рӯзномаю маҷаллаҳост. 

Ҷанги граждании Тоҷикистон, ки онро содиқони Ватан, дӯстдорони ҳақиқии миллати тоҷик, таърихнигорон «ҷанги бародаркуш» ном мегиранд, ҳаёти чандсолаи баъди истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро талх гардонд, мардуми орому осоиштаи кишварро, чи тавре падарону модаронамон мегӯянд, дарбадару хокбасар кард. Қариб як миллион сокинони водии Вахш ба Афғонистон фирор намуданд. Ноосоиштагӣ тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифт. Гуруснагӣ ҷони даҳҳо касро рабуд. Баъзе маҳаллаҳо ба харобазор табдил ёфт.

Ҳангоми машғулият зарур донистам гӯям, ки даҳшати солҳои 1992-1997 беш аз 100 ҳазор ҷавонмардони Ватанро қурбон кард. Зиёда 50 ҳазор кӯдак ятим монд. Беш аз 25 ҳазор модарон аз шавҳарҳо маҳрум шуданд. Зарари иқтисодии харобкориҳои ҷанг ба 10 миллиард доллари амрикоӣ расид. Ба як ифода, ҷанги шаҳрвандӣ қомати ҳанӯз ростнашудаи Истиқлолияти Тоҷикистонро шикаст.

Барои қатъ кардани муноқишаҳои сиёсию ҳарбӣ, барқарор намудани сулҳи тоҷикон Раиси Шӯрои Олӣ, роҳбари давлат, Президенти имрӯза, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳду талошҳои зиёд кард. Банда дар яке аз асарҳои Сарвари давлат муроҷиати ӯро ба сокинони кишвар, хусусан дастаҳои мусаллаҳ хонда будам. Ин муроҷиат аниқан пас аз се ҳафтаи Раиси Шӯрои Олӣ, роҳбари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз!- гуфта мешавад дар муроҷиатнома, - Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин ниятҳои муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Сардори давлат кӯшиш ба харҷ дод, ки муноқишаҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал шаванд. Мавриди зикр аст, ки аз соли 1994 (баъди чанд моҳи даргирию хунрезиҳо) то соли 1997, яъне таи 40 моҳ нуҳ карат мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба (байни намояндагони ҳукумати вақт ва мухолифин) сурат гирифт. Аксари ин мулоқоту гуфтушунидҳо берун аз хоки Тоҷикистон гузаштанд. Дар ин миён 40 ҳуҷҷати муҳим қабул шуд, ки дар 17-тои он имзои Эмомалӣ Раҳмон ҳаст.

Музокироту мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ меваҳои басо ширин доданд, ки ширинтарини онҳо 27 июни соли 1997 ба даст омад. Дар ин рӯзи таърихӣ дар пойтахти РСФСР шаҳри Москва дар сатҳи олӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Бояд бигӯем, ки ин воқеаи муҳимтарини таърихи миллат ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон – фарзанди фарзонаи миллат дар мансаби президентӣ устуворона давлатро ҳифз кард, кишварро аз вартаи ҷанг раҳонид ва роҳи тараққии онро нишон дод. Мо дигаргуниҳо, ободкориҳои баъди созиши умумии истиқрори сулҳи тоҷиконро бо чашми сар дида, ба кору пайкори Пешвои миллат аҳсан мегӯем.

Оромию осоиштагии кишвари азизамон умри бисту дусола мебинад. Хушо, ки мо, халқи Тоҷикистон, санаи мубораки 27 июнро ҳамасола бо чашми ояндабин ҷашн мегирем.

Фархунда Мӯминова, омӯзгори

фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 35.