Вт09172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БОЯД ВУСЪАТ ЁБАД

Рӯзи 23 августи  соли равон   маҷлиси назоратии раиси ноҳия  бо иштироки роҳбарону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва директорони мактабҳо    баргузор шуд.
 Раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ ҳозиринро бо масъалаҳои дар маҷлис  муҳокимашаванда, ҳолати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли хониш, рафти амалишавии нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба  таҷлили  ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ  ошно сохт.  
Муовини раиси ноҳия Раҷабзода С. Б. аз рӯи масъалаи аввал гузориш дод. Номбурда қайд кард, ки баробари корҳои ба иҷро расонидашуда ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёд дар кори таъмири мактабҳо ҷой дорад. Бахусус дар бисёр мактабҳо сифати таъмир паст буда,  воситаҳои аёнӣ ва таҷҳизотҳои хониш дастрас нест ва ё ҷавобгӯи талабот нест. Аз ин хотир лозим аст, ки камбудиҳои зикршуда то оғози соли хониш бартараф гардад.
Мудири маорифи ноҳия Ф. Наҷмиддинов раиси ноҳия ва ҳозиринро  дилпур сохт, ки камбудиҳои ҷойдошта, то оғози соли хониш бартараф карда мешавад. Барои ин ҳамарӯза дар мактабҳо ҳашарҳо доир гардида истодааст.
Сипас раиси ноҳия Раҷабзода М. ба масъулин ва директорони мактабҳо дастур дод, ки ҳамаи камбудиҳову мушкилоти дар соҳа мавҷудбуда, таъҷилӣ бартараф карда шавад.
Мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси  ноҳия  Б. Холиқов аз рафти амалишавии  нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ба ифтихори  ҷашни 24 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки корҳои тайёрӣ дар даромадгоҳ ва баромадгоҳи ноҳия, ҳамчунин назди  НФС-и даромадгоҳи маркази ноҳия  хуб ҷараён дорад. Боқӣ дар аксари ҷамоатҳо ва иншоотҳо масъулин беҳавсалагӣ нишон дода истодаанд. Корҳои омодагӣ чандон назаррас нест.
 Аз ин хотир раиси ноҳия Раҷабзода М. аз ҳамаи  раисон ва муҳандисони заминсози  ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак сабаби кашолкориро пурсон шуда, барои ҳарчи зудтар  ислоҳи камбудиҳои зикршуда, супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми маҷлис  Раҷабзода Миралӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани ҷашни Истиқлолияти кишвар  ба ҳамаи ҳозирин дастур дода, таъкид намуд, ки дар рӯзи ид   ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон ташкил карда шавад. Бояд корҳои ободонӣ ба ифтихори ин санаи фархунда ҳамаҷониба вусъат ёбад.

«НФ».