Пт08232019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ПАХТАОБИ ПЕШ АЗ МАРГ

Фасли баҳор аз рафти маъракаи ниҳолшинонии    ноҳия шарҳи муфассале дар шумораи №11-уми  нашрия зери унвони «Сарсабзии диёр-мароми ҳамагон»  ба чоп дода будем.  Он шабу рӯз (10 апрели соли ҷорӣ дар назар аст-С.Р) дар ноҳия 61 ҳазору 917 ниҳоли дарахтони гуногун  шинонда буданд.  Он рӯзҳо ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод бо сабаби сардии ҳаво ва об нашудани барфи зимистон дар ин маърака иштирок надоштанд.
Бо иттилои аз шуъбаи ҳифзи муҳити зист дастраси мо шуда, имрӯз аз  7 ҳазору 655 бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда, ки бояд    ду канори шоҳроҳи Душанбе-Раштро зеб медод,  709 бехаш    хушк шудаанд. Бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи мушкилоти ба амал омада, мо аз се ҷамоати минтақаи  болоии ноҳия  дидан намудем.
 Бояд  раисони ҷамоатҳои деҳот моро дар ин сафар, ки пас аз нисфирӯзии  18 август иттифоқ афтод,   ҳамроҳӣ мекарданд. Мутаассифона  раисони ҷамоатҳои Қалъаидашту Мискинободро   дар утоқҳои корияшон  наёфтем.
Аёдати дарахтони «дар бистари марг хоб буда»-ро мо аз ҷамоати деҳоти Мискинобод оғоз намудем. Якҷоя бо муҳандис- заминсози ҷамоати мазкур Ёрмаҳмад Гадоев       ба сарҳади ноҳия деҳаи Сарой рафтем. Шуруъ аз лаҳзаи аввал манзараи диққатҷалбкунанда ба чашм расид. Дарахтони ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинобод ҳама  шикаставу рӯ ба хушкшавӣ ниҳода,  аммо аз сарҳад берун ҳама сарсабзу хуррам ба чашм мерасид. Барои равшанӣ андохтан ба ин манзараи ҳузнагез   аз намояндаи ҷамоат сабаб пурсидем.
 Дар ҷавоб шунидем: шояд онҳо доруи зидди ҳашарот дода бошанд.  Кулчаҳои  гирди дарахтони навниҳол, ки ҳамагӣ як ё ду коса об базӯр мебарад, аз таъсири гармии ҳаво мисли ботлоқҳои хушкшуда кафида буданд.
  Решаи баъзе аз ниҳолҳо лучу урён, қисмате бо таъсири шамол ё озори дасти кадом нохалафе канда шудаву  бархеи дигар аз неши забони чорвои сокинони маҳал зарардида, боқи ҳамаро ташнаву аз фироқи об дар дами марг дарёфтем, ки ин масали халқӣ: «Хоҷа боғ дорӣ? Ҳа, дорам»-ро ба ёд меорад.  
  Сабаби дигари хушкшавии ниҳолҳоро масъулин дар зараррасонии ҳашароти  «шулук» медонистанд. Аммо сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия  Маҳмадулло Назаров мегӯяд, ки  «зараррасонии ин ҳашарот вобаста ба иқлим аст. Он дарахтро   дар муддати 2-2,5 сол хушк мекунаду танҳо барги дарахтро мехӯрад. Агар ниҳол бо об таъмин ва бо шароити хуб нигоҳубин шавад имкони хушк шудан аз зарари онро надорад».
Ин дар ҳолест ки масъулин иллати асосии хушкшавиро дар зараррасонии ин ҳашарот медонанд.
Вазъи ниҳолакони  шоҳроҳ дар ҳудуди ҷамоатҳои  Қалъаидашту Чашмасор низ ҳамин аст.
 Мо даъвои онро надорем, ки бояд ҳамаи дарахтон сабз мешуданд. Аммо ба ин ҳад бемасъулиятиву меҳнати кардаи мардумро ба бод ҳаво додан аз рӯйи инсоф нест. Яъне 3500 сомонии (дар сурати бо нархи  5 сомонӣ харидорӣ кардани 700 ниҳоли хушкшуда-С.Р)  сарфшударо кӣ ҷуброн мекунад? Шояд аз ташрифи мо огоҳӣ ёфтаанд, ки кормандони  ҷамоати деҳоти Қалъаидашту Чашмасор ба решаи дарахтон бо сатил об медоданд,ки амали онҳо мақоли  «пахтаоби пеш аз марг»-ро хотиррас мекунад.   
Мушоҳидаи кардаи мо ба ҷамоатҳое тааллуқ дошт, ки дар ноҳия нисбат ба дигар ҷамоатҳо серобтар ба ҳисоб меравад. Шояд вазъ дар дигар ҷамоатҳо аз ин ҳам бадтар бошад. Боварӣ дорем, ки пас аз чопи ин матлаб масъулини дигар ҷамоатҳо низ ба додани «пахтаоб» шуруъ мекунанд. Ё шояд маҷбур шуда, бо хоҳиши хонанда сари ин мавзуъ бармегардем.

Собир  РОЗИҚОВ,
хабарнигори «НФ.»