Пт08232019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

КАДРҲОИ НАВ САРИ КОР ОМАДАНД

Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия Каримиён Имомназар, ки рӯзи  18 август  доир гардид, сараввал   масъалаи кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Каримиён Имомназар   қарорҳои раиси ноҳия аз 18.08.2014, №671 ва  670 дар бораи иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин намудани Насриддинов Сафомуддин ва иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия таъин гардидани Восеев Шаъбон, амрҳои раиси ноҳия  дар бораи  таъин шудани Холиқов Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва Абдулҳаев Маҳмадлатиф сармутахассиси ҳамин шуъба, ҳамчунин    қарори ҷамоати деҳоти Чашмасор аз рӯзи 16 августи соли 2014 оид ба раиси ҷамоати мазкур интихоб шудани Амонатов Фатҳиддин ва фармони директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  сардори шуъбаи ноҳиявии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъин кардани Ҷалилов Раҷабалиро  ба диққати ҳозирин расонида, ба онҳо баҳри фаъолияти босамар дар сохторҳои давлатӣ  барор хост.
 Сипас  раис рафти иҷрои  супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додаи худро  аз масъулин шунид. Пеш аз ҳама дар бораи анҷоми таъмир   ва оғози  кори сохтмони чанд  китобхона дар деҳоти ноҳия,    рафти корҳо дар сохтмони    иншооти  рӯзи иди истиқлолияти кишвар мавриди истифода қарор меёфта, ҷалби даъватшавандаҳо ба   курс -_ҳои   ронандагӣ,  ки  комиссарияти ҳарбӣ дар ТММ  ташкил кардааст пурсида,  ҳалли пурраи онро  талаб кард.   
Дар анҷоми кори маҷлиси назоратӣ  Каримиён Имомназар таваҷҷуҳи ҳозиринро барои анҷоми бомуваффақонаи ҷамъоварии ғалладона дар  ноҳия, нигоҳубини дурусти дарахтони  дар шоҳроҳ шинонида шуда, обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар  ҷалб кард.