Пн03252019

Last updateПт, 15 Март 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОН БАРОИ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

ЛАҲЗАҲОИ  ХОТИРМОН БАРОИ СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ Сешанбеи ҳамин ҳафтаро  сокинони деҳаҳои Қанғелї ва Кенҷаобод бо  лаҳзаҳои хурсандиовар дар шумори рӯзҳои хотирмону фаромӯшнопазири хеш қарор доданд.  Ба деҳаи аввалӣ агар аз масофаи хеле дур оби нушокӣ оварда бошанд, дар деҳаи дигар ба бунёди мактаби ибтидоӣ хишти аввал гузошта шуд.


Сокинони деҳаи Қанғелӣ солҳои тӯлонӣ буд, ки аз нарасидани оби нушокӣ танқисӣ мекашиданд. Чанд сол пеш бо дастгирии МСДСП-и ноҳия аз мавзеи Тӯсаф барномаи «Хатти оби нӯшокӣ» роҳандозӣ ва амалӣ шуд, аммо  камии об мушкилоти онҳоро пурра ҳал накард.  Ин буд, ки сокинони маҳал ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намуданд ва таклифи аҳолӣ, ки  шумори онҳо ба 1800 нафар мерасад, аз ҷониби ҳукумати маҳал тавассути Муассисаи Давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаи рушди деҳот» пазируфта шуд. Тобистони соли  гузашта корҳои сохтмонии ин лоиҳа бо маблағи наздики  миллион сомонӣ таҳти сарварии соҳибкор Қувват Раҳимов ва раиси маҳалла Аҳмад Раҳматуллоев оғоз ёфтанд. Сокинони Қанғелӣ   бо дарки баланди масъулиятшиносӣ баҳри ободии деҳа    хурду бузург дар рафти сохтмони он бо дасту дили гарм кор карданд.  Ин дилгармию садоқати онҳо ба кори анҷомдодаашон рӯзи ҷамъомад бараъло ҳис мешуд. Раиси ҷамоати деҳот Зайдулло Зубайдов ба   ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, нахуст суханро ба раиси ноҳия Имомназар Каримиён дод. Раиси ноҳия  низ бо мамнуният аз барномаи ба итмомрасида сухан оғоз карда аз аҳамияти ҷаҳонӣ доштану ба ин муъҷизаи гаронбаҳо диққати аввалиндараҷа додани сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд намуд. Мавсуф зикр намуд, ки сохтмони хатти оби нӯшокии деҳаи Қанғелӣ аз масофаи андак не, аз баландии 8500 метр аз чашмаҳои мусаффои куҳӣ Сорхо ҷорӣ шуда, илова бар ин дар масофаи 4900 метр дар дохили деҳа қубурҳои обгузар васл шуда, имрӯз талаботи 170 хонавода,  мактаб ва бунгоҳи тиббиро қонеъ менамояд. Ҳамчунин раис афзуд, ки дар тӯли ҳафт моҳи фаъолияти хеш дар ин ҷамоат маротибаи дуюм аст, ки дар  анҷом додани барномаи хатти оби нушокӣ лентаи рамзӣ мекушояд. Боиси шодию хурсандии сокинони ин маҳал буд, ки дар рафти ҷамъомади онҳо муовини вазири кишоварзии мамлакат Зеваршоев ва директори  Муассисаи Давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаи рушди деҳот» Файзалӣ  Мусавиров иштирок намуда, бо қаноатмандӣ аз рафти амалишавии барнома суханронӣ намуданд. Аз номи сокинони деҳаи Қанғелӣ собиқадори меҳнат Неъмат Мирқадамов ва пири барнодил Ятим Нозимов бо хушҳолӣ сухан гуфта , аз онҳое, ки дар ин кори хайру савоб саҳмгузорӣ намудаанд, минатдории хешро баён дошта,  дар ҳаққашон дуои хайр гуфтанд.  Баъдан  раиси ноҳия якҷоя бо гурӯҳи меҳмонони пойтахт лентаи рамзиро бурида   вориди макони обпарто ва нуқтаи безараргардонии об  шуда қаноатмандӣ аз он доштанд, ки  нуқтаи мазкур ҷавобгӯи талаботҳои  наву замонавист.    Лаҳзаи аз ҳама гушнавозу диққатрабо суханварии ҳаяҷонбахши сокини маҳалла, директори мактаби рақами 21, вакили халқ Моҳистон Рауфова буд. Зимни суханронияш муаллима таклифи  бо номи зебову хушсадои  Гулобод иваз намудани номи деҳаи Қанғелӣ буд. Мавҷи қарсак ба фалак  печид ва раис низ хурсандии мардумро дастгирӣ намуда  раиси ҷамоатро вазифадор кард, ки таклифи сокинони маҳалро дар маҷлиси ҷамоат мусбат арзёбӣ намуда, қарори онро ба маҷлиси вакилони халқ пешниҳод намоянд.  
Пеш аз нимарӯз раиси ноҳия Имомназар Каримиён бо ҳамин ҳайат озими деҳаи Кенҷаобод шуданд. Новобаста аз мавсими таътил мактабиёни ин деҳа, хусусан хурдсолон бо мавҷи қарсаку шеърхониҳо меҳмононро истиқбол намуданд. Раиси ноҳия ва муовини вазири кишоварзии мамлакат дар деҳаи Кенҷаобод ба бунёди  мактаби ибтидоӣ хиштҳои аввалро гузошта, умед намуданд, ки ин мактаб албатта наслҳои соҳибсаводу соҳибхирадро таълиму тарбия хоҳад кард, то дар оянда номбардори давлату кишвари хеш бошанд.  Мавриди қайд   аст, ки сохтмони ин мактаб низ бо маблағи то як миллион сомонӣ бо дастгирии соҳибкори саховатпешаи Файзобод   Ҷамшед Ғафуров роҳандозӣ  шуда, рафти корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва  бародари ӯ Субҳиддин Ғафуров таҳти назорат қарор хоҳад гирифт. Раиси маҳалла  хайати меҳмонон, хусусан раиси ноҳияро бовар кунонд, ки маблағи корҳои сохтмонӣ пурра аз ҷониби сокинони маҳал пардохт шуда, хамчунин вақтҳои фориғ мардум тариқи ҳашар дар ин кори ҳайр саҳмгузорӣ менамоянд. Ин ҷо ҳам лаҳзаи ҳаяҷонбахш бо таклифи раиси маҳалла Сайфиддин Табаров раис ва гурӯҳи меҳмонону мардуми маҳалро шод намуд. Раиси маҳалла аз раиси ноҳия дархост намуд, ки бо ҷудо намудани қитъаи хурдакаки замин сокинони деҳа метавонанд, ки бо маблағҳои соҳибкори деҳа Зариф Ҳалимов, ки айни ҳол дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ дорад, сохтмони бунгоҳи тиббиро бо тарҳи наву замонавӣ сохта ба истифода диҳанд. Раиси ноҳия таклифи мазкурро дастгирӣ намуда, барои ҳар чӣ зудтар анҷом додани асноди зарурӣ масъулин ва раиси ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиевро вазифадор намуд. Сокинони деҳаи Кенҷаобод аз файзу шукӯҳи истиқлол ва дастгириҳои раиси ноҳия ва соҳибкорони саховатпешаи диёр дар тирамоҳи зарнисор соҳиби ду иншооти барои  мардум зарурӣ-мактаб ва бунгоҳи тиббӣ хоҳанд шуд.


 РУСТАМИ НАЗИР.