Ср02192020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ДАСТОВЕЗҲОИ СОЛИНАВӢ

Соле, ки сипарӣ шуд, барои кишоварзони ноҳия соли бобарору комёбиҳо баҳри таъмини дастурхони фаровон аз маҳсулотҳо ба сокинони кишвар буд.

Дар ин сол комёбии парандапарварони ҶДММ «Ганҷи ҳилол» шоёни таҳсин мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки парандапарварон аз давраи фаъолияташон бори аввал бо чунин комёбиҳо ноил гаштанд. Дар соли рафта истиеҳсоли тухм дар корхонаи мазкур ба зиёда аз 90 милион дона расонда шуд.

Натиҷаи ба даст овардаи ғаллакорону сабзавотпарварон низ хурсандибахш аст. Кишоварзон истеҳсоли ғалларо ба 6 ҳазору 038 тонна, картошкаро ба 14038 тонна, сабзавотро ба 13560 тонна, гӯштро ба 1350 тонна ва истеҳсоли ширро ба 10 ҳазору 201 тонна расонда, аз иҷрои нақшаҳои пешбинишуда бо сарбаландӣ баромаданд.

Айни ҳол рафти кишту кори тирамоҳӣ вусъати тоза мегирад. Аллакай дар майдони 1520 гектар ғалла кишт карда шуда, майдони 240 гектар замин барои кишти сабзавот хушсифат шудгор карда шудааст.

Соли равон, ки соли муши сафед аст, бо чунин фазилатҳое, ки ин ҷонвар дорад, кишварзони ноҳияро фатҳи куллаҳои баланди истеҳсолӣ ва серу пурии дастурхони мардуми кишвар дар пеш аст.

С.ТИЛЛО