Пн08192019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 74-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ.

Ҳамдиёрони азиз! Соли 74-ум аст, ки 9-уми май Рӯзи ғалаба бар ашадитарин душмани инсоният- фашизм дар саросари дунё ботантана таҷлил карда мешавад.

Бо вуҷуди гузаштани муддати тӯлонӣ осори ҷанг эҳсос мегардад. То ба имрӯз ҷароҳатҳои ин ҷанг аз дили инсоният нарафтааст. Ҳанӯз хам аз заминҳои захмини кишварҳои ҷангзада бомбаю снарядҳои натаркида – нишони рӯзҳои мудҳиш – пайдо мегарданд. Осори ин ҷанги даҳшатбор дар сарзамини Тоҷикистон низ то имрӯз эҳсос мешавад.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори миллионҳо нафар сарбозону афсарони мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ, ки барои ҳимояи марзу буми Ватани азиз, барои ҳимояи шаъну шараф ва озодии Ватану миллат бархоста буданд, беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон низ миёни оташу хун қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Аз ҷумлаи фиристодагони Тоҷикистони офтобрӯя сазовор гардидани 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 58 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ ва 15 нафар бо се Ордени Шараф далели далериву шуҷоат ва мардонагии ҳамдиёрони мост.

Тоҷикистон дар ин ҷанг талафоти зиёд дод. Ҳазорон ҷавонони дар дил орзую ормони зиёддошта дар майдонҳои ҷанг қурбон гардиданд. Хотираи неки онҳо ҳаргиз фаромӯш нахохад шуд.

Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба ивази қаҳрамонию корнамоиҳои бобоён ва падарону бародаронамон ба даст омада буд, яке аз саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқамон мебошад.

Дар ин рӯзи шодию нусрат мо аз қаҳрамонию диловарии муборизони Ватан ёд намуда, ба далерию шуҷоати онҳо, ба ғайрату мардонагӣ ва меҳнати диловаронаашон аҳсану офарин мегӯем.

Дар мубориза бо фашизми гитлерӣ аз диёри Файзобод беш аз 16 ҳазор нафар ҷавонон баҳри ҳифзи Ватан-Модар сафарбар гардиданд. Зиёда аз 600 нафар фиристодагони Файзобод дар майдонҳои ҷанг сар супурда, беш аз 500 нафарашон беному нишон гардиданд. Ба ҷо овардани иззату эҳтироми собиқадорони ҷанг, пос доштани хотираи онҳое, ки дар майдони ҷанг ва дар ақибгоҳ барои ҳифзи Ватани маҳбуб, таъмини ғалаба ҷоннисорӣ намуданд, вазифаи бошарафи насли имрӯзу фардост.

Ба ҷо овардани иззату эҳтироми иштирокчиёни ҶБВ, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои дар ин ҷанг бесаробонмонда дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Баҳри беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, фароҳам овардани истироҳату табобати онҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла дар арафаи ҷашн бо Амри Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президент ва бо қарори раиси ноҳия аз ҳисоби маблағхои буҷаи маҳаллӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қайди ҳаётанд, кӯмакҳои яквақтаинаи пулӣ расонида шуд.

Мо аминем, ки насли имрӯза ҳамеша хотираи неки қаҳрамононро гиромӣ дошта, баҳри дар мисоли ҳаёти онҳо тарбия намудани насли наврас ва азиз доштани қадру манзалати онҳо тамоми чораҳоро меандешанд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори хушу осуда таманно мекунам.

Иди Зафар муборак, ҳамдиёрони гиромиқадр!