Чт10172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

БОНУВОНИ ФАЙЗОБОД ХУШСУРАТУ ХУШҲУНАРАНД

Чандест, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардида истодааст.

Мақсади асосии гузаронидани «Чакомаи гесу» намоиш, ороишу парвариши мӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машоттаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросимҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби мардум ба ин чорабинӣ мебошад. Паҳлӯи дигари баргузории фестивал тарғибу ташвиқи ашъори баландпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, сару либос ва ороишоти мӯй, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини мӯй мебошад.

Дар толори Филармония халқии ба номи Нигина Рауфова даври дуюми фестивали «Чакомаи гесу» баргузор гардид, ки дар он ҷавондухтарон аз мактабҳо ва намояндагони ҷамоатҳои деҳот ширкат варзиданд. Барномаи ҳунарии иштирокчиёни фестивал дар се бахш сурат гирифт. Дар бахши аввал иштирокчиён, ки ба ороиш ва мӯйбофии қадима, ҳунари волои машшотагӣ ва бо ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ (туф, кокул, пилта, улама, панҷак, силсила, бадахшӣ, пупак ва ғайра) бо либосҳои хоси мардуми диёр баромад намуданд. Дар бахши дуюму сеюм иштирокчиён ҳусну малоҳат ва таровати мӯйро дар асоси ривоятҳои халқӣ, асарҳои классикӣ, ороиш ва мӯйбофии замони муосир бо тарзи замонавӣ ва либосҳои хосси миллии замонавиро пешкаши аҳли толор намуданд.

Дар ҷамъбасти фестивали «Чакомаи гесӯ» ба иштирокчиён барои ҳунари волояшон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Т. Мунаввара, И.Моҳҷабин, «НФ».