Ср12112019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ҲАЙФИ БИНОИ ДАРМОНГОҲ!!!

Чанд сол пеш аз ногаҳон вайрон кардани бинои дармонгоҳи пешина, ки болотар аз бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия воқеъ буд, ҳама ангушти ҳайрат газиданд. «Наход бинои мустаҳкаме, ки метавонист солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад, беинсофона вайрон карда шавад». «Охир дар ин бино боз даҳҳо идораҳое, ки то ҳол бинои алоҳида надоштанд, метавонистанд бемалол фаъолият намоянд». Аз ҳама ҷойи мувофиқу орому зери сояҳои салқини чинорҳои сабзу хуррами сарбафалаккашида барои ташкил кардани кӯдакистон низ имкон буд, ки имрӯз мардуми шаҳрак ниёзи калон ба он доштанд…

Чунин пешниҳоду хулосабарориҳои мардум имрӯз хело ва хело зиёданд. Лек як чиз моро ба ҳайрат меорад. Куҷост он говҷигаре, ки баъди «гирифтани замин»-и ин макони ободу побарҷо онро дар як чашмак задан вайрону валангор намуду имрӯз он ба макони партовгоҳу ифлосӣ табдил ёфтааст. Ва кай аз пайи ободии он мегардида бошад? Шояд ба чунин суолҳои ҳар як раҳгузаре, ки аз ин манзили замоне ободу имрӯз валангор ба худ медиҳад, кадоме аз масъулон ҷавобе медиҳад?!

                                                                                                                                                                                             «НФ».