Пн09282020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

КОРРУПСИЯ БА АМНИЯТ ТАҲДИД МЕКУНАД

Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин маҳсуб мешавад, ки амнияти миллии давлатро халалдор менамояд.

Ин зуҳурот ба рушду суботи иқтисодию иҷтимоии кишвар зарари ҷиддӣ мерасонад. Бесабаб нест, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳя ва қабул карда шуд. Ба ифодаи дигар, ҳолати марбутаи коррупсионии кишвар талқин кард, ки Сардори давлат чунин барномаро таҳия намояд ва бо иродаи олии сиёсӣ онро пешниҳод ва амалишавиашро таҳти назорат бигирад.

Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия, ки он дар ҷумҳурии мо ҳамчун зуҳуроти фасодии ҷомеа ном бурда мешавад, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шуданд. Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» - (21 июли соли 1999 №1262), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»  (10 декабри соли 1999) заминаи мустаҳками мубориза зидди коррупсия дар кишвар буда, ба Стратегияи муқовимат ба коррупсия асос гузоштанд.

Зикри ҳамин чизро зарур медонем, ки 25 сентябри соли 2006 аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба имзо расид, ки дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Агар ба «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» назар андозем, мебинем, ки он ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар тамоми қишрҳо, чӣ давлатию чӣ хусусӣ, равона гардида, ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавиро роҳандозӣ мекунад. Ба ифодаи соддатар, мақсаду мароми ин санади сатҳи олӣ ба паст кардани шиддати коррупсия дар Тоҷикистон, бартараф намудани монеаҳои тараққию рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, дар ниҳоят боло бурдани некуаҳволии сокинони кишвар равона шудааст.

Чорабиниҳои доимамалкунандаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Фармони  Президенти Тоҷикистон 10 январи соли 2007 таъсис дода шуд, маҳз ба ошкор кардани ҳаракатҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама бе мақсад истифода бурдани маблағҳои бюҷети давлатӣ, рӯпӯш намудани даромад бо ғаразҳои гурез аз андозсупорӣ, роҳ додан ба исрофкории моликият, сӯиистифода аз мансаби ишғолкарда ва ғайра равона карда шудааст. Намояндагони ин ниҳод сари чанд вақт, мушаххасан ҳар ду сол, як маротиба бо ҳамин мақсадҳо ба ноҳия омада, корҳои амҷомдодаро ба қавле «аз ғалбер мегузаронанд». Табиист, дар корхонаҳое, ки аслан ҷойҳое, ки бо маблағҳои бюҷети давлатӣ фаъолият менамоянд, амалҳои коррупсиониро дармеёбанд.

Мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тадбирҳои амалишаванда муқаррар намуда, дар кӯшиши он аст, ки маблағу моликияти давлатӣ ҳифз карда, барои рушду тараққии иқтисодиёт, баланд бардоштани некуаҳволии  сокинони ноҳия шароит муҳайё гардад. Яке аз далелҳо ин аст, ки дар заминаи Фармони Президенти Тоҷикистон 30 августи соли 2013 қарори раиси ноҳия «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба Барномаи ноҳиявӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»» ба тасвиб расид. Тибқи ҳамин қарор комиссияи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии коррпусия таъсис дода шуда, раисии комиссия ба зиммаи муовини аввали раиси ноҳия вогузор гардидааст. Қарори мазкур баррасии маводҳои вобаста ба амалҳои коррупсионӣ ва, умуман, рафтииҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба зиммаи нашрияи «Набзи Файзобод» мегузорад. Чӣ тавре хонандаи доимии ҳафтанома медонанд, вобаста ба ин давоми моҳҳои гузошта якчанд мақола ба табъ расид. Ходимони нашрия хатари амалҳои коррпусионӣ, хусусан аз ҷониби «корбудкунандаҳо» содир шудани ришвахӯриро ҷиддан маҳкум менамоянд. Ҳайати эҷодӣ комилан дар кӯшиши он аст, ки боварии мардум ба давлат устувор гардида, иштироки васеи ҷомеа дар идоракунии давлатӣ таъмин бошад.

Ҷ.БАҲОРОВ «НФ».