Сб07042020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ИХТИРОЪКОРИ НАВРАС

Боиси хурсандист, ки вақтҳои охир ҷавонон ва наврасони ноҳияи мо дар озмунҳои гуногуни фаннӣ ва варзишӣ иштирок намуда, ба гирифтани медалу ҷойҳои ифтихорӣ шарафу шуҳрати ноҳияамонро дар миқёси ҷумҳурӣ боло мебардоранд.

Ҳафтаи гузашта дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон», ки таҳти унвони «Ҷавонон –созандагони Ватан» дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе доир шуд, як гурӯҳ наврасону ҷавонони ноҳияи мо низ ширкат намуда бо пешниҳодикорҳои  ихтироъкардаашон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардиданд. Ҳамин аст, ки  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи маорифи ноҳияро барои иштироки фаъолонаашон дар ин Фестивал-озмун бо сипоснома қадрдонӣ намуд.

Дар Фестивал-озмуни «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»  хонандаи синфи 7-и муассисаи  таҳсилоти миёнаи  умумии рақами 9 Раҳимов Зулфиқор Боймуродович бо ихтироъи кардаи худ, яъне экскватор-булдозермақоми ифтихориро ишғол намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ӯро барои дастовардҳои назаррасаш дар ин самт бо туҳфаи хотиравӣ сазовор гардонид. Умедворем, ки сафи чунин наврасони навовару ихтироъкор меафзояд.