Ср11202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

БА ҶАВОНОН ЭЪТИМОД ЗИЁД АСТ

Боиси қаноатмандии мо, ҷавонон аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -  аз 18 июли соли 2015  Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз он ифтихор дорам, ки банда низ аз ҳисоби филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод аъзои ин Шӯрои бонуфӯз интихоб гаштаам.

Подробнее...

ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

Дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо иқдоми якҷояи Агентии давлатии меҳнат ва шӯғли аҳолӣ ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид, ки беш аз 180 нафар корҷӯён дар он иштирок доштанд. Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 28 корхонаву муассисаҳои ноҳия ширкат намуда, 75   ҷойи корӣ пешниҳод намуданд.

Подробнее...

17 МАЙ – РӮЗИ БАРГУЗОРИИ “АНДАЛЕБ - 2016”

Дар кишвари азизамон - Тоҷикистон бо мақсади инкишофу ғановати мероси фарҳангии халқ дар ҳар ду сол Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ бо унвони хушоҳанги “Андалеб” баргузор мегардад.

Подробнее...

ҶАВОНОН - МУҲОФИЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Давоми моҳи сипаришаванда дар асоси мактуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2016 «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, варзишӣ ва семинару вохӯриҳои илмиву оммавӣ доир гардид. Ба ин хотир бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар асоси он амал кард.

Ҷараёни чорабиниҳои мазкурро давоми моҳ хабарнигори “Набзи Файзобод” Собир Розиқов пайгирӣ намуд.

Подробнее...

ФИРОҚИ МОДАР

Модарам бо дӯхтани тоқии гулдӯзӣ, пӯхтани хӯрокҳои миллӣ ва хондани афсонаҳои гуногун дар аёми Наврӯз дили хурду калонро хурсанд менамуд.

Баҳорон ба чидани пӯдинаи лаби ҷӯй ва сабзаҳои баҳорӣ, аз қабили қоқу, шибитаку каравшак мерафту аз ҳавои форами табиат нафаси тоза мегирифт.

Подробнее...

РАҚСИ ГУЛБЕЗИ ХУШБӮ

Аз сари сол толори хонаи фарҳанги ноҳия ин қадар шумури тамошобинонро надида буд, ки 17-уми май дид. Он рӯз консерти озмунии санъаткорони ноҳия дар доираи Фестивали ҷумҳуривии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” баргузор гардид. Даромадгоҳи толорро намоиши ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия ишғол мекард, ки мувофиқ ба талаботи озмун ороста шуда буд. Дар ин намоишгоҳ ҷолибтаринаш табақҳои усто Солиҳбеги файзовагӣ буд, ки ба қавли усто ҳар кадоми он “ҳазор сомонӣ” қимат дорад.

Подробнее...

МАҲФИЛИ “НАВРӮЗИ КИТОБ”

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 маҳфили “Наврӯзи китоб” доир гардид. Бахшида ба ин маҳфил  дар мактаб намоиши асарҳои шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва шоирону нависандагони муосир ташкил карда шуд. Адибон Муҳаббати Юсуф ва Қурбоналӣ Ғуломзода дар баромадҳои худ.

Подробнее...

АРӮС АЗ СУҒДЗАМИН

Дар пешорӯи имсолаи Рӯзи байналмилалии оила тасмим гирифтем, ки аз рӯзгори оилаи хушбахту намунавии Азизовҳо маводе омода созем. Зеро зану шавҳарро солҳо боз мешиносаму ҳаваси дар симои онҳо зиёд шудани чунин оилаҳои покизарӯзгорро дар диёрамон орзу мекунам.

Подробнее...

САДОҚАТ БА ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

Аз даргузашти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев 26 сол ва аз зодрӯзаш 65 сол сипарӣ шуд. Давоми бисту шаш соли баъди марги ӯ сурудҳояшро қариб дар тамоми ҷумҳурӣ замзама мекунанд. Садоқати мухлисонаш ба номи ӯ ва таронаҳои офаридааш кам не, зиёдтару мустаҳкамтар мегардад. Далел ҳамин аст, ки ҳамасола дар рӯзи мавлуди ӯ аз гӯшаю канори кишвар бе ягон таклифу хабар мухлисону пайвандонаш ба зодгоҳи шодравон, ба Файзобод омада, дар маҳфили ёдоварӣ ширкат меварзанд.

Подробнее...

Подкатегории