Вт03312020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ДАЪВАТ БА АСКАРӢ-ОМОДАГӢ БА ИН МАЪРАКАИ МУҲИМРО АЗ ИМРӮЗ ОҒОЗ КУНЕМ!

Имрӯзҳо омодагии даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ноҳия рафта истодааст. Хизмат ба Ватан-Модар қарзи шаҳрвандӣ ва номуси миллии ҳар як ҷавонмарди ба нангу ори диёр аст. Дар ин маърака омодагии Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстону Меҳробод ва ба номи Дӯстмурод Алиев айни ҳол чашмрасанд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Комисариати ҳарбии ноҳия ҳолати сафарбарии наваскарон аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия то ба имрӯз нигаронкунанда аст.

Вобаста ба иҷрои нақшаи даъват имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маҷлисҳои муштараки раисони ҷамоатҳо ва гурӯҳи корӣ бо раисони кумитаҳои маҳал, фаъолон ва волидайни даъватшавандагон перомуни сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар идома дорад.

Мутаассифона, боиси нигаронист, ки ҳамасола бо оғоз гардидани мавсими даъват ба сафи Артиши миллӣ падару модарон фарзандонашонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон мекунанд, ки ин боиси коста гардидани ҳисси хештаншиносиву ҳувияти миллии ҷавонон мегардад.

Тибқи маълумоти расида, то би имрӯз ҳамагӣ 29 нафар дар мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмати Модар-Ватан ихтиёрӣ омода шудаанду халос. Ҳол он ки захираи эҳтиётии сафарбаршавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ноҳия ин мавсим ба зиёда аз 3 ҳазор нафар мерасад. Нақшаи даъвати навбатӣ зиёда аз 100 нафарро фаро мегирад. Аз чунин захира пешниҳоди фоизи ками даъватшавандагон ба хизмати аскарӣ фаъолияти масъулини соҳа, махсусан раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоту мизҳои ҳарбии он ва масъулини комисариати ҳарбии ноҳияро дар самти таблиғу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳию бедор сохтани ҳисси меҳанпарастии ҷавонон зери суол мебарад.

Барои саркашӣ аз хизмати Ватан-Модар то ба имрӯз аз ҷониби Комисариати ҳарбии ноҳия ба 5 нафар волидайни даъватшаванда дар асоси моддаи 683, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шудааст.

Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Чунончи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад».

Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 моҳ буда, барои даъватшавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад.

Р.СОБИР, “НФ”.