Ср02192020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ТУҲФАИ СОЛИНАВИИ МО

Касе дар обуна бологузар шуд,

Худо ҳозир, к-ӯ таҳти назар буд.

Ташаккур бар ҳама волоназарҳо,

Агар раҳбар набуд, ё роҳбар буд.

Ба раиси Ҷамоати деҳоти Меҳробод Нурулло Хайруллоев:

Нурро аз хайри Оллоҳ ёфтӣ,

Парчами нури хирад афрохтӣ.

Офарин бар ту, ҳазорон офарин!

Дар вуҷудат раҳбарӣ андохтӣ.

Ба директори ҶСК «Ганҷи ҳилол» Зафар Ҳакимов:

Ҳаким аз ту зафар ёбад, муборак,

Зафар шому саҳар ёбад, муборак.

Зарар дар кори ту ҳаргиз надидем,

Касе, ки ним зарар ёбад, муборак.

Ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов:

Илму амалат туро тавон аст,

Нерую фаросатат ҷавон аст.

Мо гила зи кори ту надорем,

Азбаски дурусту безиён аст.

Ба мудири бахши фарҳанҳ Кароматулло Соҳибназаров:

Гулшанистон аст фарҳанги шумо,

Дастаи гул зиннати чанги шумо.

Сад карат боло равад дар соли нав

Савти оҳанги шумо ҳанги шумо.

Ба сардухтури ноҳия Зубайдзода Фазлиддин Убайд ва менеҷери КАТС Файзалӣ Бобишоев:

Дастатон ҳаргиз набинад дардро,

Рӯятон ҳаргиз набинад гардро.

Обрӯ боло равад аз тозагӣ,

Нашнаветон таънаи номардро.

Таълифи Ҷӯрабек Муъмин.