Вс12082019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

КӮМАКИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ КИҲО БОЯД АЗ ОН БАРХӮРДОР БОШАНД?

 

Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ. Бисёриҳо дар бораи он маълумот надоранд. Мо аз мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия Темур Қаҳҳоров хоҳиш намудем, ки ба чанд суоле,ки аз забони сокинони ноҳия садо медиҳанд, посух диҳанд.

- Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба чӣ гуна оилаҳо таъйину пардохт карда мешавад?

-Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муқаррар карда шудааст. Яъне оилаҳои камбизоат онҳое ҳисобида мешаванд, ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарор дошта, якҷоя зиндагӣ мекунанд, рӯзгори муштаракеро пеш бурда моликияти умумиро истифода мебаранд ва барои мустақилона аз шароити душвори зиндагӣ баромадан имконият надоранд. Хушбахтона, дар қатори чанд шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоати ноҳияи мо низ аз гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархӯрдоранд.

- Тартиби таъйини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ чӣ гуна аст?

- Шаҳрвандоне, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд ва имконияти аз ин ҳолат мустақилона баромаданро надоранд, метавонанд барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ аризаю ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пешниҳод намоянд. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла дар доираи салоҳияти худ саҳеҳҳии маълумотҳои пешниҳодшударо санҷида дар муҳлати на зиёдтар аз 10 рӯз ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд. Ба шаҳрвандони яккаву танҳои пиронсол, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба тариқи истисно таъйин ва пардохт карда мешавад. Шахсони яккаву танҳои пиронсол онҳое ҳисобида мешаванд, ки ба синну соли нафақа расида (зан аз 58-сола ва мард аз 63-сола боло) талаботи худро мустақилона таъмин карда наметавонанд ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ хешу табори наздики қобили меҳнат надоранд. Андозаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила барои пардохти истифодаи қувваи барқ дар як сол 400 сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 сомонӣ пардохт карда мешавад.

- Оилаҳое, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд, яъне оилаҳои камбизоат баъд аз гирифтани он аз чӣ гуна имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?

- Оилаҳое, ки аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархӯрдоранд, дар супоридани маблағҳои обу барқ, барои табобати ройгон дар беморхона, маблағи таҳсили шартномавии фарзандон дар мактабҳои миёнаю донишгоҳҳо, баъди фавтидан (пардохти маблағи гӯру чӯб) ва дигар имтиёзҳоро пайдо мекунанд. Ҳамин имтиёзҳо сабаб гардид, ки баъзан оилаҳои «тасодуфӣ» низ ба рӯйхат ворид гардиданд. Дар натиҷаи арзу шикоятҳо ва аз нав дидани рӯйхати пешниҳодшудагон чунин шахсон аз рӯйхат бароварда шуданд.

- Оилаҳои «тасодуфӣ». Нисбати онҳо рӯшантар баҳо медодед?

- Чӣ ҷои пинҳон кардан аст, ки баъзан ба рӯйхат оилаҳое ворид мегарданд, ки хонаҳои чандошёна, чанд мошини шахсӣ, гову моли зиёд, мошинаҳои ҷомашӯии барқӣ, ҷиҳози гаронарзиши хона ва ғайраю ҳоказо доранд. Чунин ашхос ба хотири имтиёзҳо дар аризаҳо маълумотҳои бардурӯғ ворид мекунанд. Ҳамин буд, ки аз 1375 аризаи воридшуда ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 305 аризаи он рад карда шуд. Оила ва шаҳрвандоне, ки оид ба даромад ва молу мулки худ маълумоти нодуруст пешниҳод намуда дар натиҷа беасос кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд, маблағҳои ғайриқонунӣ гирифтаи худро баргардонида ба муҳлати 12 моҳ аз рӯзи қатъ гардидани пардохти кӯмакпулӣ аз ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ маҳрум мегарданд.

- Аз рӯи таҳлилҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Қалъаидашт, Ҷамоатҳои деҳоти Мискинободу Меҳробод зиёду сокинони Ҷамоати шаҳраки Файзобод,   ба номи Дӯстмурод Алиев, Чашмасор барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ кам ариза пешниҳод намуданд. Ё аз деҳаҳои Чашмасор як оила, Боғимирӣ ду оила, Саидшоҳӣ ду оила ва монанди инҳо оилаҳои ниёзманди бисёр деҳаҳои дигари ҷамоатҳо кам ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд. Сабаб чист?

- Дар ҳақиқат таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иттилоотонии нокифояи табақаи ниҳоят эҳтиёҷманди аҳолӣ боиси шумораи ками аризадиҳандагон мегардад. Аз ин рӯ саҳми масъулон, махсусан раисони кумитаҳои маҳалла, созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеа доири ба мардум дуруст фаҳмонидани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ калон аст. Масъулон ҳангоми қабули аризаҳо маълумотҳое, ки аз тарафи шаҳрвандон пешниҳод шудааст, бояд беғаразона тафтиш намуда, барои дурустии он имзо гузоранд. Воқеан, дар тамоми ҷамоатҳои деҳот барои беҳтар ба роҳ мондани ин масъала – кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мутахассисон таъйин карда шуда, онҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ ва компютерҳо таъмин гардиданд.

Дар фарҷоми суҳбат гуфтанием, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, ки барои беҳтар намудани шароити моддию иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо нигаронида шудааст, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ғамхории пайваста ва дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».