Пн08192019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

КИТОБ - САРЧАШМАИ ДОНИШ

 

Китоб беҳтарин махзани маърифат аст. Кас дар он замон донишманду илмдӯст мегардад, ки агар ба китобхона рӯ оварад. Имрӯз китобҳои нодиру пурарзиши гузаштагонамон дар китобхонаи марказии ноҳия дастраси хонандагон мебошад. Соли гузашта ба шуъбаи бачагонаи китобхона беш аз сад нусха асарҳои адибон, ки бо сифати хуб аз чоп баромадаанд, ворид карда шуд.

Имрӯз бояд хонандагон бештар ба китобхона рӯ оварда дониши худро боло бардоранд. Мо, китобдорон кӯшиш менамоем дар ниҳоди насли наврас меҳру муҳаббати китобхониро ҷой диҳем, вале сарчашмаи китобхонии онҳо бояд аз оила сар шавад. Имрӯз дур мондани насли наврас аз китобу китобхона нигаронкунанда аст. Дар даврони таътил хонандагонро мебояд ба китобхона бештар рӯ биоваранд. Вале ин тавр нест.

Гузаштагони мо дар ҳама давру замон пешрафту тараққии ҷомеаро аз насли комёбу босаводу донишманд медонанд, ки сарчашмаи ин комёбиҳо китоб аст. Бо мутолиаи он метавон ҷаҳонро дарк намуд ва шинохт. Вазифаи насли наврас имрӯз аз он иборат аст, ки дониш андӯзад, китобро сарчашмаи дониш донад ва Тоҷикистонро бо дониши худ боз ҳам гулгулшукуфонтар гардонад.

Суҳайлӣ ШОМУРОДОВ, мудири китобхонаи бачагона.