Сб12142019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ТОҶИКИСТОН АЗИЗИ МОСТ

Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ доир мегарданд, ки якеашон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад.

Тоҷикистон барои ҳар як сокини ватандӯст азизу муътабар аст. Меҳри он дар қалби зодагонаш ҷой гирифтааст. Ин меҳр аз васфу тараннуми Ватан ҳувайдост.

Озмуне, ки дар саросари кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардида истодааст, бори дигар собит месозад, ки сокинони кишвар, хосса эҷодкорон ба обу хоки ин сарзамин эхлосу эътиқоди  комил доранд. Ин гап ба он далел аст, ки озмуни мазкур дар ноҳия дар сатҳи талаботи низомнома гузашт. Рӯзи барпошавии озмун толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова аз тамошобинон пур буд.

Озмун аз рӯи 5 номинатсия – оҳангсозӣ, академикӣ, навозандагӣ, ровӣ, шоир баргузор гардид. Дар ҳар номинатсия аз 3 то 5 нафар довталабӣ карданд.

Ҳакамон, ки аз ҷумлаи мутахассисони варзида интихоб шуда буданд, дар ҳар номинатсия 2 ё 3 нафариро ғолиб донистанд.

Озмуни барпогардида чеҳраҳои нав, аз ҷумла Шаҳобиддин Қурбонов, Шукрона Сангова, Фаррух Раҳимов, Сафиаллоҳ Ибодов, Фархунда Раҳимоваро рӯи саҳнаи ҳунари сарояндагӣ баровард. Номбурдаҳо аз эҷоди шоирон Бозор Собир, Усмон Шарифзода, Назри Яздон, Ҳақназар Ғоиб ва Ҷӯрабек Муъмин бо оҳангҳои офаридаи Ҳабибулло Мирзошарифов ва Баҳриддин Назиров суруд хонданд .

Дар номинатсияи «Шоир» омӯзгори МТМУ №54 Фарида Давлатова ва толибаи синфи 7-и мактаби №1 Туҳфа Зардова ду ҷои ифтихориро соҳиб шуданд. Руҳафзо Гулова ва Шодмеҳр Давлатов (аз МТМУ №1) ва Амрулло Ҳафизов ровиёни беҳтарин дониста шуданд.

Сардори Раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода нисбати ташкилу баргузории озмун назари нек доштани худро изҳор кард.

Дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба дараҷаи шинохтанашаванда рушд кардан, барои зиндагии шоистаи сокинони ноҳия, махсусан барои беҳдошти сиҳатии омма дар ноҳияи мо аҳамияти асосӣ дода шуда, корҳо зиёде дар ин самт ба анҷом расонида шудааст. Дар ин росто амалишавии лоиҳаву нақшаҳои зиёде ҳамаррӯза дар ҳоли идома доштан аст.

Инак, ба анҷом расонидан ва ба истифода додани ду маркази саломатии тиббӣ дар деҳаи Муллотуғмаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ва дар деҳаи Орифони Ҷамоати деҳоти Мискинобод шаҳодати ин гуфтаҳост. Чуноне ки дар суҳбат бо мо сардухтур – менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ Музаффар Мирзоев иттилоъ дод, ин ҳарду маркази номбурда аз ҳисоби лоиҳаи беҳтаркунии тиббии назди бонки умумиҷаҳонӣ буда, он бо тамоми асбоб ва таҷҳизотҳои навтарин ва ҳозиразамони тиббӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин дар таъмини амният ва беҳдошти саломатии сокинони ноҳияамон нақши лоиҳаи мазкур ниҳоят калон аст. зеро бо шаҳодати сардори КАТС Музаффар Мирзоев то имрӯз бо дастгирии бонки умумиҷаҳонӣ ва лоиҳаи мазкур дар ноҳия 15 маркази саломатии деҳотӣ  ва 27 бунгоҳҳои тиббии дар деҳотбуда бо тамоми асбобу таҷҳизоти навтарину ҳозиразамон, инчунин бо ду мошини «Ёрии таъҷилӣ» таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин дар кори ба анҷом расонидан ва ба истифода додани корҳои сохтмонии ин марказҳои саломатии тиббӣ ёрию дастгирии сокинони маҳаллӣ, махсусан дар қисмати ободонии атрофи ин марказҳо ва дастгирию ёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳот хело назаррас аст. Ҳамаи ин ва дигар корҳои дар арафаи анҷомёбибуда гувоҳи онанд, ки масъалаи беҳдошт ва ҳифзи сиҳатии омма ҳамавақт дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва роҳбарияти ноҳияву ҷамоатҳои деҳот ва масъулини соҳаи тиб мебошад.

М.ТАЛЪАТ.