Ср06192019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

БАҲОРУ МОДАР ДОМОНИ ГУЛРЕЗУ ГУЛБЕЗ ДОРАНД

 

(Чанд сатр аз маҳфили идона ба шарафи таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳия)

Зан – Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сазбу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи Соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад. Модар ба баҳор шабоҳат дорад, ҳам дар ҳусну латофат ва ҳам зебоиофаринӣ. Домони баҳору модар ҳарду гулрезу гулбезанд.

Рӯзи 7-уми март фазои идонаи толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова басо фараҳбахшу дилангез буду дар нигоҳу дидагони занону духтарон ҷилои барқ падидору руҳафзо. Суханронии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ саршори эҳтиром, меҳру муҳаббат ба модар, бобати мақоми зан дар ҷомеа ва рисолати иҷтимоии онҳо буд. Модар чун аввалин мураббии башарият ва омӯзгор дар ниҳоди фарзанд нафақат бо сухан тухми муҳаббат мекорад, балки тамоми хислатҳои неки инсонӣ, шеваи одамият, рафтору гуфтори ҳамидаро ба таври табиӣ меомӯзонад.

Раиси ноҳия изҳори умеду боварӣ кард, ки бонувони мо рисолати азалию таърихии худ – тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунармандро созанда аст, садсолаҳои дигар бо сарбаландӣ адо хоҳанд кард.

Раиси комиссияи Маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар табрикоташ қайд намуд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо, ҳамшираи меҳрубон ва даҳҳои дигарро мебинад, ки мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.               

Баъд раиси ноҳия М.Раҷабзода ва Б.Худоёрзода ба як гурӯҳ бонувони собиқадор, фаъолу ташкилотчӣ ва ҳунарманд ифтихорнома ва туҳфаҳо супориданд. Дар охир ҳунармандони диёр намоишномаи адабӣ-бадеиро бо номи «Як каф дуои Модар» намоиш доданд, ки хеле таъсирбахшу самимӣ буд ва ба аҳли толор писанд омад. Меҳмони маҳфили идонаи бонувони диёр Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ - Сироҷиддин Фозилов чанд суруди шӯху ҷаззобашро чун дастагули муаттари баҳорӣ ба бонувон тақдим намуд.

Т. МУНАВВАРА.