Вт07162019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ҶОМАДӮЗ

Ҷиёнгул Саидова аз хурдӣ ба дӯхтани либосҳои миллӣ завқ дошт. Ҳамин шавқу ҳавас буд, ки ӯ дар муддати кӯтоҳ, бе ёрии ягон устод ин касбро азхуд кард. Ӯ дар деҳаи Орифон зиндагӣ мекунад.

Дилбастагии зиёд ба ин касбаш буд, ки дар муддати кӯтоҳ байни аҳли деҳа маҳбубият пайдо кард ва талабгорони ҳунараш рӯз то рӯз зиёд шудан гирифт. Бонувоне зиёде ба наздаш меоянд, ки касби ҷомадӯзиро аз ӯ биомӯзанд. Ҷиёнгул рад намекунад.

Ҷомаҳои дӯхтаи ин бонуи ҳунарманд шинаму зебост.

Холаи Ҷиёнгул Саидова мегӯяд: «Ин ҳунар бисёр мушкил буда, аз кас меҳнату заҳмати зиёдро талаб мекунад. Танҳо бо меҳри беандоза ба ин касб онро метавон аз худ кард. Ман ин ҳунарро аз касе наомӯхтаам, танҳо шавқу ҳаваси зиёдам ин ҳунарро дар дили ман ҷой карду онро азхуд кардам».  

Баробари ҷомадӯзӣ ӯ аз уҳдаи ҳунарҳои нонпазӣ, гулдӯзӣ, муҳрадӯзӣ ва ғайра ба хубӣ мебарояд. Ба қавле «панҷ панҷааш ҳунар». Ӯ ифтихормандона мегӯяд: «Шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад».

         Моҳҷабин ИСМОИЛОВА, таҷрибаомӯз.