Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ОЗМУН ҒОЛИБОНРО МУАЙЯН КАРД

Дар доираи  амалӣ намудани  барномаи «Беҳсозии Ҳамҷояи Ҳифзи сиҳат ва Макони зист дар минтақаи Рашт»  бо маблағгузории дафтари рушд ва ҳамкорӣ SDC Швейтсария дар ноҳия озмуни «Беҳтарин мақомоти  худфаъолияти ҷамъиятӣ»   баргузор гардид.

Мақсад ва ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ин  майян намудани сатҳи ҳуқуқӣ ва воқеии фаъолияти сохторҳои ҷамеаи шарҳвандӣ, аз қабили  мақомоти худфаъолияти  ҷамъиятӣ, табодули таҷриба ва замина гузоштан барои  ҳамкории зич дар  амалӣ намудани  барномаҳо мебошад. Озмуни мазкур  имкон дод, ки   барои рушди ҳамкориҳо дар  фаъолияти МХҶ-ҳо ва шиносоию омӯхтани  таҷрибаи якдигарӣ миёни МХҶ замина гузошта шавад. 

Ҳакамон дар асоси шартҳои пешниҳоднамудаи  озмун  фаъолияти МХҶ-ҳои иштирокдоштаро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор доданд.    

Боиси қайд аст, ки  бо    мақсади   шаффоф гузаштани озмуни мазкур қаблан  дар нашрияи  «Набзи Файзобод»  барои  ташкилотҳои ҷамъиятии дар ноҳия фаъолиятдошта эълон ба нашр расида буд.   14 МХҶ-и ноҳия  хоҳиши дар ин чорабинӣ иштирок карданро  намуданд. Тибқи  нақшаи чорабинӣ ҳакамон аз кори мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ дар маҳал  шинос шуда, ҳамчунин тариқи суҳбат ва саволу ҷавоб бо сокинон фаъолияти ҳар яки онҳоро таҳлил намуданд.

Маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмун дар толори филармонияи халқии ноҳия  хеле  хотирмон  доир гардид.

Менеҷери БҶИИМК Хазинаи Оғохон дар водии Рашт Моҳиҷаҳон Намакова зимни ҷамъбаст қайд намуд, ки бо назардошти ҷавобгӯ будан ба шартҳои озмун ва сатҳи рушду фаъолияти босамари Мақомотҳои худидораи ҷамъиятии иштирокдошта ҳакамони  озмун ғолибонро муайян  карданд.

Ғолиби озмуни «МХҶ-и беҳтарин» дар ноҳия, МХҶ-и «Сарой» (раисаш Юсупов Пир) дониста шуд, ки бо  ифтихорнома ва   700 сомонӣ мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид. Барандаи  ҷои дуюми озмуни «МХҶ-и беҳтарин» МХҶ-и «Хами Савра» (раисаш Назаров Тоҷиддин) дониста шуд, ки бо ифтихорнома ва маблағи 600  сомонӣ мукофотонида шуд. Ҷоизаи сеюм бо ифтихорнома ва 500  сомонӣ насиби  МХҶ-и «Лолагӣ» (раисаш Акобиров Ҳайбулло) гардид. 

Баргузории чунин озмунҳо ба пешрафту фаъолияти  мақомотҳои худидораи ҷамъиятии ноҳия  таъсири чашмрас хоҳад гузошт.

 «НФ».