Сб04042020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ЭЪЛОН

БА ДИҚҚАТИ КОРҶӮЁН

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод ба диққати сокинони ноҳия мерасонад, ки рӯзи 10.08.2018 соати  900 дар маркази ноҳия дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор менамояд.   

Ярмарка ба корҷӯён ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои ишғолнагардидаро пешниҳод менамояд.

Инчунин ба шаҳрвандоне, ки касбу ҳунар  надоранд, барои омӯзиш ба маркази таълимии калонсолони ноҳия фиристонида мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод. тел: 3.27.74

ХОНАҲОИ ЭНЕРГИЯСАМАРАНОК БИСОЗЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фаӣзобод барои ишғоли мансабҳои холии зерини хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

  1. Сармутахассис (сармуҳосиб) – и  дастгоҳи раиси ноҳия– 1 ҷоӣ, маоши вазифавӣ  810 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф - 1 ҷоӣ маоши вазифавӣ 634 сомонӣ
  3. Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ - 1 ҷоӣ маоши вазифавӣ 520 сомонӣ;

    Подробнее...

ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ

       -ЭЪЛОН-

Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ишғоли мансабҳои холии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Фаӣзобод.

Подробнее...

НУҚТАИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР НОҲИЯ ФАЪОЛ МЕШАВАД

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ифтитоҳи бинои нави Маркази миллии тестӣ таъкид карда буданд, аз соли 2014 сар карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба роҳ мондааст. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» тайи ду соли охир бақайдгирии довталабонро дар маркази шаҳру ноҳияҳо мегузаронад. Бо дархости Маркази миллии тестӣ   мушовирони кабинети методӣ Нарзиев Ҳайбулло, Назирзода Шердил, Ҳошимов Фарҳод ва Амруллозода Ҳакимҷон рӯзҳои 7-8 феврали соли равон дар муассисаи таълимии №100 - ш. Душанбе дар семинари омӯзишӣ иштирок намуда, корманди муваққатии Маркази миллии тестӣ интихоб гардиданд. Бояд қайд намуд, ки тавассути кормандони муваққатӣ  бақайдгирии довталабон  дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия  аз  2 апрел то 30 апрели соли равон баргузор мегардад. Аз ин рӯ ба Шумо, хатмкунандагон,  дастур дода мешавад, ки ҷиҳати омода шуданатон то рӯзи бақайдгирӣ аз «Роҳнамои довталаб - 2018» истифода намоед.

Касбу ихтисосро ҳатман бо ихтиёри худ интихоб намоед, зеро ки бо ин касбу ихтисос Шумо тамоми умр кору зиндагӣ мекунед.